ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН» .


 ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН»

   Дар Қасри фарҳанги ба номи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Раҷабалӣ Абдулов ва ҳайати ҳакамон рӯзи 5 апрели соли 2024 даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» баргузор гардид. Озмун аз рӯи ду номинатсия-сарояндагӣ ва навозандагӣ баргузор гардид, ки дар он иштирокчиёни аз 12 то 17- сола ва аз 18 то 35 - сола иштирок намуданда, аз 25 нафар довталабони иштирокчӣ 24 нафарашон ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд. Озмун бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди мусиқии нав, инчунин таъмини ашъори баландғояи ватандӯстона, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори давлатдории навини тоҷикон ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон роҳандозӣ шуда, шаш сол боз идома дорад.  


Баргаштан
9-04-2024, 07:10