СОЛИ 2024 - ҲАМЧУН «СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ»


   Бо мақсади иҷрои нақша-чорабиниҳои муштараки сохторҳои дахлдори вилояти Хатлон аз 20 марти соли ҷорӣ дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини волояти қонун ва дастрасӣ ба адолат, оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 5 апрели соли 2024 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрӣ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи идеологӣ Қурбонзода Қурбоналӣ, намояндаи Суди вилояти Хатлон Мирзозода Неъмат, намояндаи прокуратураи вилояти Хатлон Самизода Суҳроб, намояндаи Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Обидзода Юсуф, намояндаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Хатлон Қурбонзода Манучеҳр, намояндаи Раёсати адлия дар вилояти Хатлон Эшпулотов Бахтиёр ва намояндаи шуъбаи дин, танзим, анъана ва ҷашну маросими вилояти Хатлон Сафаров Умар иштирок намуданд. Баромадкунандагон доир ба эълон гардидани Соли маърифати ҳуқуқӣ ва шарҳу тавзеҳоти Паёми Пешвои муаззами миллат суханронӣ намуда, қайд карданд, ки фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намудани соли 2024 аз 30 декабри соли 2023 №668 ба имзо расид.

 Мақсад аз ба тасвиб расидани фармони мазкур, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона бо он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волояти қонун, ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ ва ташкил намудани механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад. Гуфта шуд, ки анҷом додани тадбирҳои зикргардида арзиши олӣ будани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро таъмин намуда, ба эҳтиром ва риояи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, тақвияти рағбати шаҳрвандон ба донишҳои соҳаи ҳуқуқ, васеъ намудани дастрасии шаҳрвандон ба иттилооти ҳуқуқӣ, иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ва паст гардидани сатҳи ҳуқуқвайронкунӣ мусоидат мекунад. Дар вохӯрии болозикр ҳамзамон оид ба ӯҳдадориҳои конститутсионӣ, аз ҷумла хизмати ҳарбӣ, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, риояи қатъии қонунҳои миллӣ, моҳияти кирдорҳои ҷиноятӣ ва барои ҷомеа хатарнок будани онҳо, бахусус ҷиноятҳои марбут ба терроризм, экстремизм, даст задан ба амалҳои коррупсионӣ ва пешгирӣ аз он, гардиши ғайриқонунии маводҳои нашъаовар, таълимоти ғайрирасмии динӣ, фаъолияти ғайрирасмии ташкилотҳои динӣ ва паҳн кардани маводҳои хусусияти ифротии диндошта, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, худкушию худсӯзӣ, нашъамандӣ ва дигар бемориҳои сироятии дар байни ҷавонону ноболиғон сухан гуфтанд. Ҳамзамон зикр гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар соҳаҳои муҳим ба бахши маориф ишора намуда, таъкид доштанд: “Рушди соҳаи маориф, минбаъд низ самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон боқӣ мемонад”. Дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини масъулини соҳаи маориф мебошад.

 


Баргаштан
9-04-2024, 07:31