МУДОФИА - ЯКЕ АЗ ВАЗИФАҲОИ МУҲИМТАРИНИ ДАВЛАТ.


       МУДОФИА - ЯКЕ АЗ ВАЗИФАҲОИ МУҲИМТАРИНИ ДАВЛАТ

   Тибқи дастуру супоришҳои роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри омӯзиши ҳолати омодабошии қувва ва захираҳои сафарбарӣ имрўз, 15 апрел дар Варзишгоҳи марказии «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ санҷишу омӯзиши қувва ва воситаҳои қисми мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ доир гардид. Дар ин тадбир беш аз 3000 шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордошта бо дарки масъулияти баланди ватандорӣ ширкат варзида, омодагии худро барои ҳифзи хоки муқаддаси Ватан бо ин амал бори дигар исбот намуданд. Чуноне мушоҳида карда шуд барои дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронидани ин чорабинӣ тамоми шароиту имконият фароҳам оварда шуда, гурӯҳи табибон, нақлиёти ёрии таъҷилӣ, хадамоти оташнишонӣ ва дигар техникаву воситаҳо дар ҳолати хуби омодабош қарор доштанд. 

   Даҳҳо нафар кормандони ташкилоту муассисаҳо, сокинон, техникаву нақлиёти гуногуни хизматрасонӣ ба намоиш гузошта шуда, собитгари он буд, ки мардони шуҷои меҳандӯсти ноҳия ҳамеша омодаанд, ки амнияту суботи кишварро бо дарки баланди масъулият аз ватану ватандорӣ ҳимоя созанд. Дар ин чорабинӣ намояндаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон - палковник Қурбонзода Абдурашид, раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло ва масъулини тамоми сохторҳои ноҳия ширкат доштанд. Зимни суханрониаш раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло атрофи ҳолати омодабошӣ ва дигар паҳлӯҳои ташкили чунин як ҳамоишро шарҳ дода, иброз дошт, ки зери мафҳуми мудофиа системаи тадбирҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳарбӣ, ҳуқуқӣ, экологӣ ва ғайра фаҳмида мешавад, ки ба таъмини мустақилият, якпорчагӣ ва дахлнопазирии ҳудуди ҷумҳурӣ, ҳимояи манфиатҳои давлат ва ҳаёти осоиштаи аҳолӣ равона карда шудааст.  

   Мудофиа яке аз вазифаҳои муҳимтарини давлат буда, кори тамоми халқ ба ҳисоб меравад. Мудофиа бо омодагии доимии Қувваҳои Мусаллаҳ, иқтисодиёт, ҳудуд ва аҳолии ҷумҳурӣ барои пешгирии таҳдиди ҳар гуна амалу хатарҳо пешбинӣ гардидааст. Дар идома ҳайати намояндагии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти ноҳия аз намоиши техникаҳо боздид намуда, дар як маврид бо иштирокчиёни машқи омодабошии қувва ва захираҳои сафарбарӣ суҳбат оростанд. Дар чорабинӣ масъулин оид ба аҳамият ва муҳиммияти ташкил ва гузаронидани санҷиши ҳолати омодабошии қувва ва захираҳои сафарбарӣ андешаронӣ намуда, қайд доштанд, ки баргузории чорабинӣ, новобаста аз вазъи сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ дар ҳолати омодабош будани шаҳрвандон ҳангоми мудофиаи ҳудудӣ арзёбӣ гашта, иштироки фаъолонаи сокинони касбу кори гуногун дар ин чорабинӣ, исботи он аст, ки мардони шуҷои ватан бо руҳияи шикастнопазир зери сиёсати муваффақонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ҳифзи арзишҳои миллӣ, марзи кишвар, муқаддасоти миллӣ, таъмини амнияту суботи ҷомеаи соҳибистиқлоли Тоҷикистон содиқонаву садоқатмандона омодаанд. Ҳифзи Ватан, ҳимояи арзишҳои олии ватандорӣ аз ҳар фарди дилогоҳу хештаншинос рисолати бузурги фарзандиву садоқатмандиро тақозо менамояд.

 


Баргаштан
16-04-2024, 13:39