БАРГУЗОРИИ ДАВРИ АВВАЛИ ОЗМУНИ БАЙНИИДОРАВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ»


 БАРГУЗОРИИ ДАВРИ АВВАЛИ ОЗМУНИ БАЙНИИДОРАВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ»

         Рӯзи 19 апрели соли 2024 дар толори китобхонаи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ даври аввали озмуни байниидоравии ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" баргузор гардид. Озмун бо иштироки намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Раҷабалӣ Абдулов, мудири бахши фарҳанг Латифзода Насиба, директории китобхонаи марказӣ Наргис Салимова, методисти китобхона Лутфинисо Азизова, хонандагони филиалҳои китобхона ва муассисаҳои таълимӣ баргузор гардид. Озмун аз рӯи чор номинатсия: "Адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ", "Адабиёти классик", "Адабиёти муосир" ва "Адабиёти ҷаҳон" баргузор гардид. Дар озмун 33 нафар довталабон иштирок намуда, бо маҳорати баланд ба саволҳои аъзои ҳакамон ҷавоб дода, 8 нафари онҳо ба даври ноҳиявӣ роҳхат гирифтанд.  Дар фарҷом ҳамаи иштирокчиён бо Ифтихорнома ва Сипосномаи китобхонаи марказӣ сарфароз гардонида шуданд. Ёдовар мешавем, ки ин иқдоми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли панҷум аст, ки дар тамоми кишвар роҳандозӣ гардидааст ва сол аз сол шумораи иштирокчиён зиёд гардида истодааст, ки ҷои хушҳолист. Боварии комил дорем, ки довталабон дар даври ноҳиявӣ низ иштироки фаъолона намуда, ба даври вилоятӣ роҳ меёбанд.

Навиди Балх

19 апреля, 17:10

 


Баргаштан
22-04-2024, 07:17