СЕМИНАР – МАШВАРАТ
Рӯзи 25 апрели соли 2024 семинар - машварати ҷумҳуриявии раисони Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилоятҳо, минтақаҳо ва шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи идеологӣ Қурбонзода Қурбоналӣ, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Раҳмоналӣ Файзалиев ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо доир шуд. Меҳмононро дар майдони Парчами миллӣ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дигар масъулин самимона пешвоз гирифтанд. Сараввал меҳмонон аз Парчам, Нишон, Гулгашт, Пайкараи Мавлоно, Хона-музей ва Мақбараи рамзии шоиру мутафаккири тоҷику форс Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Маҷмааи варзишии Исмоили Сомонӣ ва ҳамзамон аз муҷассамаи Модари маҳзун, нимпайкараи Сироҷиддин Исоев, Осорхона ва китобхонаи ноҳиявӣ дидан намуда, ба худ таассуроти нек бардошт карданд. Сипас, дар Чойхонаи «Шамсулло» аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба меҳмонон зиёфати расмӣ, барномаи фарҳангӣ ташкил карда шуда, туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Муовини раиси ноҳия Қурбонзода Қурбоналӣ зимни суханрониаш меҳмононро ба ноҳия хайрмақдам гуфта, иброз дошт, ки ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 21-уми марти соли 1933 бо номи ноҳияи Кагановичобод таъсис ёфта, 3-юми июли соли 1957 бо қарори Президиуми Совети Олии Республикаи Тоҷикистон номи он ба Колхозобод иваз карда шуд. Бо қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 июли соли 2007, №375 ба номи Ҷалолиддини Румӣ ва аз 3 марти соли 2016, №203 ба номи Ҷалолиддини Балхӣ номгузорӣ карда шудааст. Шӯроҳои собиқадорони ҷангу меҳнат ҳамчун ташкилоти ҷамъиятӣ барои бештар ҷалб намудани диққату таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба масъалаҳои собиқадорон, инчунин барои тарбияи ватанпарастӣ, меҳнатдӯстӣ ва ахлоқию худшиносу ҷавонон нақши муайянеро мебозад.
Баргаштан
|