ВОРУХ -ЯК ПОРАИ ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН


      Ворух сарзамини ачдодии миллати точик буда, мардуми мо аз азал то ба имрўз дар ин хоки муқаддас  зиндагӣ карда истодаанд. Дар ин қаламрав мардуми  тамаддунофару бофарханг ва меҳмоннавоз гирд омадаанд, ки ин хоки аҷдодиро  ҳифзу ҳимоя карда истодаанд. Тамоми халқиятҳои дунё барои ҳифзи хоки  Ватан  мубориза   мебаранд  ва   миллати  тоҷик  низ  барои  ҳимояи  Ватани  хеш  мубориза бурда истодаанд.

      Ба  ҳамагон  маълум аст  дар  чунин  вазъияте  ки  дар сарњади Точикистону  Киргизистон  рух дода истодааст, гуруҳҳои  ифторгару  хоинони  беватан мехоханд,  ки  аз  ин  вазъ суистифода  карда  ба сулху суботи  мо  халал  расонанд.  Собиқ  хизби  бо  ном наҳзати ислом  имрўзҳо аз ояту  ҳадисҳои  китобҳои муқаддаси Ислом истифода бурда, мардумро фирефтаи доми худ менамоянд ва ба манфиати худ истифода мекунанд. Ин  хоинони  миллати  тоҷик  чунон рохгумзада шуданд, ки тинҷиву оромии давлату миллатро дидан намехоҳанд.

    Дар ин маврид мо сокинони ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро зарур аст, ки хушёриву зиракии сиёсиро  аз даст надода,  нагузорем, ки  нохалафон  фикрҳои  моро  парешон намоянд. Мо бояд дастаҷамъона зери сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  муттаҳид  гардида,  барои  ҳифзи  манфиатҳои  миллӣ,  ҳимояи  марзу  буми ачдодӣ устуворона қадам занем.

   Мо сокинони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ  Барои оромии ватанамон мубориза мебарем, чунки Ворух хоки муқаддаси Тоҷикистон ҳаст, мемонад ва касе инро инкор карда наметавонад!

 Гулзода Ҷамилова, мудири шуъбаи хизматрасонии китобхонаи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ


Баргаштан
17-09-2022, 07:23