ҚАДРШИНОСИИ ИШТИРОКЧИИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ.


 

ҚАДРШИНОСИИ ИШТИРОКЧИИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ  

      Собиқадорони ҷангу меҳнат беҳтарин солҳои умри худро ба озодию ободии Ватан, пешрафти зиндагӣ ва рушди иқтисодиёту фарҳанг бахшиданд. Дар навбати худ дар назди наслҳои имрӯзаву оянда вазифаи боз ҳам муқаддастару масъулияти бузургтари таърихӣ истодааст, аз ҷумла нигоҳ дошта тавонистани оини давлату давлатдории миллӣ, боз ҳам устувор намудани Истиқлоли сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ масъулияти таърихии наслҳои имрӯзаву оянда аст. То имрӯз аз иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ноҳия 1 нафар ва иштирокчиёни ақибгоҳ низ 1 нафар дар қайди ҳаёт мебошанд, ки синну солашон аллакай ба ҷое расидааст. Санаи 6 майи соли 2024 масъулин аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ташриф оварда, дар якҷоягӣ бо раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло аз аҳволи иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Давлатов Машраб хабар гирифта, туҳфаи пулии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расониданд. Ҳамчунин дар ин рӯз ба Машраб Давлатов туҳфаи пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ расонида шуд. Зимни супоридани туҳфаи рамзӣ ба иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Машраб Давлатов изҳори сипоси хешро барои ғамхории пайваста ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуда, барои пойдории сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон дуои хайр карданд.

Навиди Балх

6 мая, 21:32


Баргаштан
13-05-2024, 09:19