МАҲСУЛИ ДАСТИ ДЕҲҚОН - ОРОДИҲАНДАИ ДАСТАРХОН


          МАҲСУЛИ ДАСТИ ДЕҲҚОН - ОРОДИҲАНДАИ ДАСТАРХОН   

  Кишоварзӣ яке аз соҳаҳои муҳимтарини иқтисоди миллӣ буда, таъмини ҳадафи стратегии Ҳукумат, яъне амнияти озуқавории мамлакат, асосан аз сатҳи рушди он вобаста мебошад. Умаралӣ Абиров аз зумраи деҳқонони ҷавони меҳнатдӯсти деҳаи Зарзамини Ҷамоати шаҳраки Гулистони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мебошад. Номбурда дар замини наздиҳавлигияш, ки 30 сотихро ташкил менамояд, як гармхонаи дарозиаш 40 ва паҳнояш 7 метрро ташкил намуда, дар он парвариши дарахти лимӯ, помидор, бодиринг, лубиё, занҷабил, қаланфури булғорӣ ва кабудиҳоро ба роҳ мондааст. Ин деҳқони ҷавон инчунин дар заминҳои боқимондаи наздиҳавлигӣ маҳсулоти полезӣ, аз ҷумла тарбуз ва харбуза низ шинонидааст, ки аз хисоби ҳосили ба даст овардаи хеш зиндагиашро таъмин менамояд. «Заминро самаранок истифода бурдан аз маърифати баланди шаҳрвандӣ дарак дода, нишонаи худшиносии миллӣ мебошад. Баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба истифодаи самараноки ҳар қитъа заминҳо кӯшиш менамоям, ки ягон ваҷаби заминро холӣ намонам»,- мегӯяд Умаралӣ Абиров.

    Деҳқони меҳнатдӯсти дигаре дар деҳаи «Орзу»-и ҷамоати болозикр Суҳроб Набиев аст, ки ӯ низ бо аҳли оилааш пайваста дар замини наздиҳавлигӣ заҳмат мекашанд. Онҳо ҳамагӣ дар 15 сотих замини дар ихтиёр доштаи худ бунёди боғ, аз ҷумла дарахтони мевадиҳандаи гелос, зардолу, себ ва чормағзро роҳандозӣ намуда, ҳамасола ҳосили хуб ба даст меоранд. Оилаи Набиевҳо чун дигар заҳматкашон ҳар қитъаи замини худро самаранок истифода бурда, бо мақсади ба даст овардани ҳосили дилхоҳ, тамоми шароитҳои мавҷударо ба кор мебаранд. Дар ин замина онҳо дар боқимондаи замини наздиҳавлигӣ картошка, помидор, лубиё, карам ва қулфинай кишт намудаанд, ки аллакай ҳосили картошкаи барвақтӣ ва қулфинайро ба бозор бароварда, даромади хуб ба даст овардаанд. -Ҳар як оила хоҳони он аст, ки ҳамеша дастархонаш пур аз нозу неъматҳо бошад ва аъзои оила соҳиби дастархони серу пур бошанд. Ин ҳама серию пурӣ натиҷаи заҳмату меҳнати содиқонаи деҳқонон аст. Ҳосиле, ки деҳқон бо азобу машаққат ба даст меорад, ғизои мардум буда, ородиҳандаи дастархони ҳамагон мебошад,- қайд дошт дар фарҷоми суҳбат Суҳроб Набиев. "НАВИДИ БАЛХ"

 


Баргаштан
15-05-2024, 06:52