ҲАМОИШИ ГИРАНДАГОНИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН .


   ҲАМОИШИ ГИРАНДАГОНИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

    Санаи 15 майи соли 2024 зимни сафари кории раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад ва сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Насриддинзода Рамазон ба ноҳияҳои минтақаи Хатлон бо гирандагони стипендияи Президентӣ аз ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун, Дӯстӣ, Шаҳритус, Қубодиён ва Носири Хусрав бо мақсади қадршиносии барандагони озмуни Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи нақша - чорабиниҳои Моҳвораи ҷавонон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат” ҳамоиш доир гардид. Дар оғоз меҳмононро муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи идеологӣ Қурбонзода Қурбоналӣ ва дигар масъулин дар назди Маҷмааи варзишии Исмоили Сомонӣ истиқбол намуданд. Сипас, онҳо аз Маҷмааи варзишӣ, Парчам, Нишон, Гулгашт, Пайкараи Мавлоно, Хона-музей, Мақбараи рамзии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва сохтмони мактаби санъати бачагонаи ноҳия дидан намуданд. Тибқи нақша меҳмононро намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати ноҳия ва ҷавонони фаъол дар назди Қасри фарҳанги ба номи Ҷалолиддини Балхӣ қабул карда бо онҳо суҳбати самимӣ ороста, ҷавононро нерӯи пешбарандаи ҷомеа ва ояндасози Ватан арзёбӣ намуданд. Ҳамоиши мазкур бо садо додани Суруди миллӣ ва суханронии Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад оғоз гардид. Гуфта шуд, ки дастгириву ғамхории насли наврасу ҷавон яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба шумор рафта, барои дониш андӯхтану соҳибкасб гардидани қишри ояндадори ҷомеа кулли имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шуда, баробари дигар соҳаҳо ба соҳаи ҷавонон низ зиёд намудани шумораи гирандагони стипендияи Президентӣ давоми мантиқии сиёсати Ҳукумату давлат дар самти илмомӯзии наврасону ҷавонон мебошад.

   Дар ин росто танҳо лозим аст, ки наврасону ҷавонон бояд талош намоянд, то фарди соҳибилму соҳибкасб ва рушдбахшандаи кишвари хеш бошанд. Инчунин ба онҳо маслиҳатҳои муфид дар пешрафти фаъолият дода шуд. Ҳамзамон аз ҷониби Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулаҳмадзода Зулфиқор намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Кароматулло Хайраков, мудири бахши фарҳанг Латифзода Насиба бо Сипоснома қадрдонӣ гардида ва стипендияҳои як қатор гирандагони стипендияи Президентӣ дар вазъияти тантанавӣ ба соҳибонашон супорида шуд. Дар ҳамоиши мазкур Гирандагони стипендияи Президентӣ бо се забон - тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ суханронӣ намуда, дастгириҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавононро самараи сиёсати ҷавонпарваронаи Роҳбари давлат дониста, миннатдории самимии хешро баён намуданд. Дар охир, ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо пешниҳоди барномаи фарҳангӣ хотири ҳозиринро болида гардониданд. Кароматулло САДИРОВ, "Навиди Балх"

 


Баргаштан
16-05-2024, 15:00