ТАШРИФИ МЕҲМОНОН АЗ ВИЛОЯТИ СВЕРДЛОВСКИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ .


ТАШРИФИ МЕҲМОНОНАЗВИЛОЯТИСВЕРДЛОВСКИФЕДЕРАТСИЯИРОССИЯ

     Санаи 27 майи соли 2024 меҳмонон аз вилояти Свердловски Федератсияи Россия таҳти роҳбарии вазири кишоварзӣ ва бозори истеҳсолии Свердловск Анна Кузнетсова ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ташриф оварда, аз маҳсулоти кишоварзӣ ва парвариши полезиҳо дар хоҷагии деҳқонии Сафар Ҷумаеви Ҷамоати деҳоти Золи Зар дидан намуданд. Меҳмононро муовини соҳавии раиси вилояти Хатлон Каримзода Ҷамшед ва раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Холиқзода Рустам Ҳикматулло ҳамроҳӣ намуданд. Кишоварзони хоҷагии мазкур дар 20 гектар замин тарбуз парвариш менамоянд, ки онҳо бо як ширкати бонуфузи Россия шартнома дошта, тайи 2 сол аст, ки тарбузи хушлаззати ин хоҷагиро ба давлати Россия интиқол медиҳанд. Соли гузашта 245 тонна тарбуз содирот карда, ин мавсим ният доранд, ки содироти онро боз ҳам баланд бардоранд. Дар ин майдон се навъи тарбуз, аз ҷумла сурх, бедона ва тарбузи зард парвариш карда мешавад. Меҳмонон аз гармхонаҳои лимупарварии хоҷагии деҳқонии «Мурод» низ дидан карда, хоҳиши содироти меваҳои ситрусиро ба миён гузоштанд. Ин хоҷагӣ дар як гектар замин як чанд лимонхона дошта, дар ҳар кадоми он 420 ниҳол парвариш намуда истодаанд.


Баргаштан
30-05-2024, 08:51