ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ" ҶАМЪБАСТ ГАРДИД.


ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ" ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

    Бо мақсади иҷрои самарабахши қарори раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ аз 22 январи соли 2024 №44, оид ба қарори раиси вилояти Хатлон аз 8 январи соли 2024 №1, оид ба Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз январи соли 2024 №АП-481, «Дар бораи Озмуни ҷумҳуриявии "Илм - фурӯғи маърифат» ҳамзамон амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф солҳои 2020-2040» ва ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсияи ихтироъкоӣӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишуён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин дарёфти истеъдодҳои нав дар соли 2024 рӯзҳои 14 -15 майи соли равон даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат» баргузор гардид.

  Дар ин озмун хонандагони таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, калонсолон, намояндагони касбу кори гуногуни ноҳия иштирок намуданд. Озмун аз рӯйи 7 номинатсия - математика, биология, география, химия, физика, технологияи итилоотӣ, ихтирокорӣ ва навоварӣ гузаронида шуда, ҷамъбаст гардид. Дар озмуни мазкур 530 нафар довталабон фаъолона иштирок намуда, аз ин шумора 246 нафар духтарони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба даври сеюми Озмун 66 нафар довталабон, 13 нафар духтарон аз муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд.

 

 


Баргаштан
30-05-2024, 09:05