ЧОРАБИНИИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН .


ЧОРАБИНИИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН

      Санаи 1 июни соли 2024 дар толори Қасри фарҳанги ба номи Ҷалолиддини Балхӣ ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон бо иштироки раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, идораву корхонаҳо, раисону кормандони ҷамоатҳо, директорҳои муассисаҳои таълимӣ, мудирон, мураббияҳои муассисаҳои томактабӣ, хонандагон ва тарбиятгирандагони фаъол чорабинии идона баргузор гардид. Дар оғоз роҳбариати ноҳия аз дастовардҳо ва ҳунарҳои дастии муасссисаҳои томактабии ноҳия, ки ба марази тамошо гузошта шуда буд, дидан намуданд. Раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло зимни суханрониаш ҳозирин ва дар шахсияти онҳо кулли кӯдакони ноҳияро ба иди Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон табрику таҳният намуда, барояшон саломатӣ ва саодати ҳамешагиро таманно намуда, афзуд, ки Тоҷикистон ба масъалаи ба таҳсили ройгон фаро гирифтани кӯдакон пурра кафолат медиҳад.  Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ғамхории навбатиест нисбати кӯдакон. Талаботи қонуни мазкур моро бори дигар водор ва вазифадор месозад, ки барои рушду нумӯи комил дар муҳити солими оила, навозиши гарм, муҳаббат, хушбахтию фаҳмиш парвариш ёфтани фарзандон масъулиятшинос бошем. Гуфта шуд, ки тайи як соли охир дар ноҳия сарфи назар аз баъзе масоили ҳалталаби кӯдакону наврасон корҳои судманде ба анҷом расонида шудаанд ва то ҳол идома доранд. Кумак ба кӯдакон аз оилаҳои ниёзманд, ҳифзи саломатии кӯдакон тадбирҳоест, ки бо дастгирии шахсони саховатпеша баҳри ҳифзи кӯдакону наврасон амалӣ гардида истодаанд. Айни ҳол ба 34 нафар ятимони кулл дар филиали «Амонатбонк» суратҳисоб кушода шудааст. Ҳамзамон дар ноҳия 605 нафар кӯдакони маъюб ба қайд гирифта шудааст, ки 124 нафари онҳо бемори бистарӣ мебошанд. Ҳамаи ин кӯдакон аз имтиёзҳо бархӯрдор буда, мунтазам масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва шахсони саховатманд аз ҳолу аҳволи онҳо хабардор мегарданд. Сипас аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба ғолибони озмунҳо Диплом, мукофотпулӣ ва ба кӯдакон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.  Дар фарҷом барномаи фарҳангии таълимгирандагони мактаби санъати бачагона, муассисаҳои томактабии ноҳия ва намоиши бозиҳои шавқовар аз ҷониби Театри ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баҳри болидахотирии кӯдакону наврасон пешниҳод гардид.

 

 


Баргаштан
3-06-2024, 06:43