БАҲРИ ҲИФЗИ МАРЗИ КИШВАР ОМОДАЕМ!


   БАҲРИ ҲИФЗИ МАРЗИ КИШВАР ОМОДАЕМ! Дар марҳилаи ҷаҳонишавӣ ва бархурди манфиатҳои миллию  сиёсии  абарқудратҳо  сар  задани  муноқишаи навбатӣ дар марзи кишвари ҳамсоя -Қирғизистон боиси  нигаронии  аҳли  ҷомеа  гардидааст. Бояд  гуфт,  ки Тоҷикистон  бо гузашти солҳо тарафдори ҷанг набуд ва ягона роҳи ҳалли масоили гуногуни сиёсию иҷтимоиро бо дарназардошти  мусолиҳаву  ризоияти тарафайн  ба   роҳ  мемонад.  Дар  ин  раванд  яке аз иқдомҳои аввалине, ки  роҳбарияти  олии Ҳукумати кишвар  аз  рӯзи  нахустини  фаъолият  амалӣ  намуд,  ин рӯй овардан ба "Сиёсати дарҳои боз" мебошад. Новобаста аз мушкилоти барқарорсозии сохторҳои давлатӣ, мушкилоти  ғизоии мардум дар солҳои ҷанги таҳмилии   шаҳрвандӣ,  бо  норасогии  маводи  сӯхт,  қисмҳои  эҳтиётӣ, техникаи  ҳарбӣ  Ҷумҳурии   ҷавони   соҳибистиқлоли  Тоҷикистон  тавонист  Артиши  Миллии  худро  таъсис  диҳад.  Хушбахтона,  имрӯз  Тоҷикистони  азиз  бо  роҳбарии  Пешвои  муаззами миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дорои Артиши Миллӣ ва воҳиду сохторҳои низомие  мебошад, ки иқтидори муҳофизатиаш  имкон  медиҳад  ҳар  як  ваҷаби  замини кишвари азизамонро ҳифз  намояд. Сар задани муноқишаи навбатӣ бо иштироки сохторҳои низомии Қирғизистон сабаби асосиаш ноустувории сохтори сиёсии кишвари мазкур буда, ҷомеаи мутамаддин ин амалро маҳкум  менамояд. Такрор ба такрор иброз медорем, ки имрӯз ҳар як нафар тоҷику тоҷикистонӣ баҳри ҳифзи ҳар як ваҷаб хоки Ватан омода ба ҷон аст ва баҳри тамомияти арзиву ҳифзи марзи кишвар кӯшиш ба харҷ медиҳад.

   Ғиёсзода Аловиддин, мудири бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

 


Баргаштан
19-09-2022, 12:39