БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСА ОИД БА МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ .


                                        БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСА ОИД БА МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ      

    Имрӯз, 3 июн дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Алиҷон Абдуҷалол, раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ҷаласа оид ба мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони вилоят, ки санаи 25 майи соли 2024 дар деҳаи Чорсадаи Ҷамоати деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара доир гардида буд, баргузор гардид. Салимзода Алиҷон Абдуҷалол зимни баромади хеш аз дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, оид ба мавзӯъҳои мубрами рӯз аз ҷумла рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, омодагӣ ба ҷашни 35- солагии Истиқлоли Ҷумуҳрии Тоҷикистон, таъмини либосҳои ягонаи мактабӣ, пешгирӣ аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои террористӣ ва дигар масъалаҳо суханронӣ намуданд.  Қайд гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумуҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои аз мушкилоти сайёра эмин нигоҳ доштани ҷомеаи башар пайваста ғамхориҳои беназир мекунанду дар қатори дигар халқу миллатҳо миллати худро низ хушдор месозад, ки дар ғафлат намонда, «Илоҷи воқеъа пеш аз вуқуъ» гӯён тавсияҳои муфидашонро тавасути фаъолону масъулон мерасонанд . Гуфта шуд, ки мо бояд маслиҳату амру супоришҳои Роҳбари давлатро сармашқи кори худ намуда, баҳри амалӣ гардиданашон миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монем.


Баргаштан
4-06-2024, 10:06