АКСИЯИ «ТОЗАГИИ МАҲАЛ» БО ҶАЛБИ АҲОЛӢ ВА КОРХОНАВУ ТАШКИЛОТҲО


 АКСИЯИ «ТОЗАГИИ МАҲАЛ» БО ҶАЛБИ АҲОЛӢ ВА КОРХОНАВУ ТАШКИЛОТҲО

  Дар доираи ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои ободониву созандагӣ ба ифтихори таҷлили 35-солагии Истиқлоли ватан ва Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ рӯзҳои 7-8 июни соли ҷорӣ дар ноҳия аксияи «Тозагии маҳал» баргузор карда шуд. Дар аксияи «Тозагии маҳал» кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ташкилоту идораҳо, маориф, соҳаи тандурустӣ ва сокинон, иштирок намуда, назди корхонаҳои худ ва кӯчаи марказиро аз партовҳо ва алафҳои бегона тоза намуда, бехи дарахтону гулу буттаҳоро нарм намуданд. Инчунин дар ин рӯзҳо саҳми кормандони идораи коммуналӣ ва обёрии мошинии ноҳия низ назаррас буда, барои амалӣ шудани аксияи мазкур ва сабзу хуррам гардонидани маркази маъмурии ноҳия саъю талош доранд. Ҳадаф аз роҳандозии ин аксия тозаву озода нигоҳ доштани фазои табиати маҳал, ташаккули тарзи ҳаёти солим, муҳайё намудани шароити хуби корӣ ва баланд бардоштани маданияти шаҳрдории ноҳия мебошад.

 


Баргаштан
12-06-2024, 06:59