МУСОБИҚАИ ФУТБОЛИ ХУРД БАРОИ ДАРЁФТИ “ҶОМИ ҲХДТ”


              МУСОБИҚАИ ФУТБОЛИ ХУРД БАРОИ ДАРЁФТИ “ҶОМИ ҲХДТ”

    Бо пешниҳод ва ташаббуси Президенти федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ, аз тарафи СММ 25 май ҳамасола ҳамчун “Рӯзи байналмилалии футбол” таҷлил карда мешавад. Дар ин замина, бо мақсади татбиқи босамар ва ҳадафмандонаи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ, солимгардонии ҷомеа, таҳкими ваҳдату ҳамдилӣ миёни дастаҳои ғайрикасбӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиносии насли ҷавони мамлакат, бахшида ба 30 - солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва дар сатҳи баланд истиқбол намудани ин санаи муҳим дар асоси Фармоиши Кумитаи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2024, №42, футболи хурд байни дастаҳои ғайрикасбӣ барои дарёфти “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” доир гардида истодааст. Рӯзҳои 11-12 июни соли 2024 дар маркази маъмурии шаҳри Бохтар даври сеюми мусобиқаи мазкур байни дастаҳои шаҳру ноҳияҳои КИ ҲХДТ минтақаи Бохтар дар фазои дӯстиву бародарӣ баргузор гардид, ки дар натиҷа дастаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ сазовори ҷои аввал, дастаи ноҳияи Вахш сазовори ҷои дуюм ва дастаи ноҳияи Кӯшониён сазовори ҷои сеюм гардиданд. Ғолибони дастаҳои мазкур бо Ҷом, медал, Диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

 


Баргаштан
13-06-2024, 11:36