ГАР ШИНОВАР НЕСТӢ ПО БАР ЛАБИ ДАРЁ НАМОН! |
Тибқи нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ баҳри пешгирии наврасону ҷавонон аз ғарқшавӣ дар дарёву кулҳо гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуда, мунтазам дар назди соҳили дарё ва кулу ҷӯйҳо рейдҳои муштарак гузаронида мешавад. Дар моҳи июни соли равон аз тарафи бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, дар якҷоягӣ бо шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ, шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, шуъбаи маориф, котиби мақомоти васояту парастории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба пешгирӣ намудани ҳодисаҳои ғарқшавӣ дар мавзеъҳои осебпазири кулу дарёҳо ва ҳавзҳою обанборҳо гузаронида шуда, дар соҳилҳо ва ҷойҳои хатарнок наврасону ҷавононро аз оббозӣ боз дошта, ҳамзамон хатарҳои ғарқшавиро ба онҳо фаҳмониданд. Инчунин имрӯз, 18 июн аз ҷониби бахш дар соҳили дарёи Шӯр бо иштироки раисони Кумитаи маҳал ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва фаъолони маҳалҳои наздисоҳилӣ бо иштироки шахсони болозикр корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба пешгирӣ намудани ҳодисаи ғарқшавӣ дар мавзеъҳои осебпазири кулу дарёҳо ва ҳавзҳою обанборҳо гузаронида шуд. Чунин рейдҳои муштарак ҳамарӯза аз тарафи гурӯҳҳои корӣ гузаронида мешавад ва заррае ҳам бошад, бехатарии ҷомеа таъмин мегардад.
Баргаштан |
19-06-2024, 12:04 |