ТАШРИФИ МЕҲМОНОН АЗ ҶУМҲУРИИ ПОКИСТОН


 Санаи 27 июни соли ҷорӣ як гурӯҳ меҳмонон аз Ҷумҳурии Покистон бо роҳбарии Файсал Карим Кундӣ – губернатори музофоти Хайбар Пахтунхваи Покистон ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ташриф оварданд, ки муовини якуми раиси вилояти Хатлон Мирзозода Музафар онҳоро ҳамроҳӣ намуд. Раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло меҳмононро дар даромадгоҳи ноҳия бо хушнудӣ истиқбол намуданд. Нахуст онҳо дар Ҷамоати деҳоти Навобод аз ширкати истеҳсолии «Шит Муҳиддин» ва боғи меваҳо, ки дар майдони 15,99 гектар бунёд гардидааст, дидан намуданд. Қайд гардид, ки дар боғи мазкур чор навъи мева, аз ҷумла олу, олуча, олуи Америкоӣ ва олуи Эронӣ парвариш карда мешавад. Дар идома онҳо ба Ҷамоати деҳоти Золи Зари ноҳия низ ташриф оварда, аз хоҷагии деҳқонии «Мурод» дидан карданд. Маврид ба зикр аст, ки кишоварзони хоҷагии номбурда дар майдони 2 гектар замин гармхонаи замонав Эии лимӯпарвариро роҳандозӣ намудаанд, ки алҳол ниҳолони ин гармхона нашъу намо доранд. Гуфта шуд, ки азму талоши деҳқонони пуртаҷрибаи хоҷагии деҳқонии «Мурод» аз он шаҳодат медиҳад, ки онҳо ҳар қитъаи замини дар ихтиёр доштаи худро оқилонаву самаранок истифода мебаранд. Онҳо хуб дарк менамоянд, ки истифодаи оқилонаи замин кафолати баракати меҳнати шаборузии онҳост. Аз ин рӯ, кӯшиш менамоянд, ки маданияти истифодабарии заминҳои хоҷагиро дуруст роҳандозӣ намуда, дар пешрафти рушди соҳаи кишоварзӣ мусоидат намоянд. Меҳмонон баъди боздид аз хоҷагии деҳқонии «Мурод» ба заҳматкашон ва лимӯпарварон баҳои баланд дода, ҳамчунин ба раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло барои меҳмоннавозӣ ва истиқболи гарми дӯстона изҳори қаноатмандӣ карданд.


Баргаштан
30-07-2024, 11:33