МУОИНАИ ТИББӢ БА ТАВРИ РОЙГОН


 Тоҷикистон солҳои тӯлонист, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар партави сиёсати дарҳои бози Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ ва дигар шарикони рушд ҳамкории муваффақона дорад. Хушбахтона, бо дастгирии онҳо дар тамоми соҳаҳо садҳо лоиҳаву барномаҳои сармоягузорӣ амалӣ гардида истодааст. Дар ин замина, бо мақсади дастгирӣ ва расонидани кумаки тиббии ройгон филиали ширкати шоҳигарии норвегии «Нормека Интернешнл АС» барои татбиқи Барномаи «Фаёл Хайр» дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ амал карда истодааст. Ба иттилои намояндаи клиникаи сайёр, табиб-Алишер Низомов ҳамарӯза беморонро ба таври ройгон муоина мекунанд. Клиникаи сайёр бо барномаи махсус фаъолият намуда, аз тарафи фонди хайриявии «Шоҳ Абдуллоҳ» сармоягузорӣ мешавад. Аслан, шартномаи дуҷонибаи мо аз соли 2022 оғоз гардида, то соли 2027 дар саросари кишвар идома меёбад. Ширкати мазкур дар варзишгоҳи марказии «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷойгир мебошад. Ба гуфти мутахассисон клинаи сайёри «Шоҳ Абдуллоҳ» аз 6 июн то 1-уми сентябри соли 2024 фаъолият менамоянд. Дар клиникаи сайёр ду бунгоҳ - мошини махсус барои ба ташхис ва табобат фаро гирифтани беморон хизмат мекунад. Дар клиникаи сайёр табибону мутахассисони соҳибкасб бо истифода аз дастгоҳҳои тиббии муосир, ташхисҳои лабороторӣ, томографияи компютерӣ, монография, систоскопия (амрози занона), гидроскопия (амрози бемориҳои дарунӣ) колоноскопия (рӯдаи ғафс), ташхиси дил, УЗӢ, ҷарроҳиҳои хурди гуногун, аз ҷумла катарактаҳои чашмро амалӣ менамоянд. Инчунин беморон муддати 10 рӯз бо доруҳои зарурӣ ройгон таъмин мегарданд. Барои бемороне, ки имконияташон маҳдуд аст, мошини ёрии таъҷилӣ хизматрасонӣ менамояд. Хотиррасон бояд кард, ки барои ташхис аввал пиронсолон, маъюбон, шахсони бесаробон, собиқадорони ҷангу меҳнат ва садамаи Чернобил бенавбат ба табобат гирифта мешаванд. Шаҳрвандоне, ки ба табобат ниёз доранд, аз фурсати муносиб истифода бурда, саломатии худро барқарор намоянд. Иброҳим Сафаров, "Навиди Балх"

 


Баргаштан
30-07-2024, 11:37