КУМАК БА ЗАРАРДИДАГОН АЗ ОФАТИ ТАБИӢ.


 Офатҳои табиӣ ҳодисаҳое мебошанд, ки бидуни дахолати инсон рух медиҳанд, ки ба ҳаёт ва саломатии одамон таъсири манфӣ мерасонанд. Ҳамасола офатҳои табиии гуногун дар ҳудуди Тоҷикистон рух медиҳанд. Дар ҳама ҳолат роҳбарияти кишвар ва масъулин пайваста кӯшиш менамоянд, ки кумаку дастгирии худро ба зарардидагон расонанд. Бо ин мақсад дар асоси дастур ва роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Холиқзода Рустам Ҳикматулло дар ҳамбастагӣ бо хайрхоҳон рӯзи 19 июли соли 2024 бо иштироки муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи идеологӣ Қурбонзода Қурбоналӣ ба 32 оилаҳои зарардидаи сокинони Ҷамоати деҳоти Калинин ва Ҷамоати шаҳраки Гулистон бо маводи хӯрока аз қабили орд, макарон, равған, шакар, биринҷ ва собун кумакҳо дастрас карда шуд.

 


Баргаштан
30-07-2024, 12:10