БАРГУЗОРИИ СИТОД ОИД БА ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ


 

   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ироаи Пайёми ҳамасолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид менамоянд, ки воқеоту таҳаввулоти ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар яки моро ҳушдор месозад, ки зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва муқаддас доштану ҳифз намудани арзишҳои давлати соҳибистиқлоламонро аз даст надиҳем. Дар давраи хизмати ҳарбӣ ҷавононро дар руҳияи меҳанпарастӣ, мардонагиву шуҷоат, қавииродагиву адолатпарастӣ тарбият намуда, ҷиҳати ҳифзу нигаҳдошти амнияти давлатӣ равона менамоянд. Оромии кишвар, пешрафти ҷомеа ва зиндагии шоистаи мардум, пеш аз ҳама, аз таъмини амният дар сарҳади давлатӣ вобастагии зиёд дорад. Ҳамин аст, ки сол то сол барои боз ҳам баланд бардоштани малакаи касбии аскарон ва дар роҳи меҳанпарастӣ тарбия намудани онҳо аз ҷониби давлату ҳукумат шароити мусоид фароҳам мегардад. Дар ин замина, санаи 19 июли соли равон дар комиссариати ҳарбии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки муовини раиси ноҳия оид ба соҳаи идеологӣ Қурбонзода Қурбоналӣ, комиссари ҳарбии ноҳия Ҳасанализода Саидакбар, раисон, котибон ва нозирони мизҳои ҳарбии бақайдгирии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои ҷаласаи назорати назди раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло барои дар рӯзи аввал иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳӣ, таъмин намудани ситоди комиссия оид ба даъват ситод баргузор гардид.


Баргаштан
30-07-2024, 12:15