ВОХӮРИИ СУДМАНД БАРГУЗОР ГАРДИД


                            ВОХӮРИИ СУДМАНД БАРГУЗОР ГАРДИД

  Либос дорои хусусиёти хос буда, дар рушду такомули ахлоқӣ, маънавӣ ва ифтихори худшиносии инсон нақши муҳим мебозад. Дар ин раванд гурӯҳи корӣ доир гардида, оид ба мавзӯи пешгирӣ аз фарҳанги бегона дар кӯчаю маҳаллаҳои Ҷамоати шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрии судманд байни шаҳрвандон гузаронида шуд. Дар рафти вохурӣ ќайд гардид, ки мо тарафдори либоси миллии тоҷикон ҳастем ва аз ҷавонон даъват ба амал меоварем, ки ҳеҷ гоҳ бегонапарастӣ накарда, ба фарҳангу тамаддун ва арзишҳои миллии тоҷикон эҳтиром гузоранд ва фирефтаи афкори як идда бадхоҳону бадандешон нагарданд. Имрӯзҳо баъзе занону духтарони мо майл ба либоси бегонагон намуда, аз фарҳанги бою ғании миллати худ истифода намекунанд. Пӯшидани сатр ва ҳиҷоб, ки имрӯз мушоҳида мешавад ба мардуми мо куллан бегона буда, ба либоси миллии мо робитае надошт. Либос дар замири инсон ҳисси зебоипарастӣ, озодагӣ ва хулқу рафтори ҳамидаро ҷой карда, инсонро водор месозад, ки хушбину хушрафтор бошад ва инчунин инъикосгари фарҳанг, одоб ва сатҳи камолоти инсон аст.


Баргаштан
30-07-2024, 12:22