ЗӮРОВАРӢ ДАР ОИЛА - КИРДОРИ ЗИДДИҲУҚУҚӢ.


    Инчунин ҷомеаи солим аз оила ва насли солим ташаккул меёбад. Оила чун зинаи аввали бунёди ҷомеа нақши меҳварӣ дар густариши онро дорад. Зикр гардид, ки курсҳои пазандагӣ, гулдӯзӣ ва дӯзандагие, ки маркази дастгирии занон тариқи ройгон мегузаронанд, ба ҷабрдидагони зӯроварӣ имкон медиҳанд, ки соҳиби касб гашта, дар оянда ба ҳамин восита мустақилияти молиявиро ба даст оварда, дар ҷомеа мавқеи худро мустаҳкам созанд. Сипас, иштирокдорон низ доир ба сабабҳои ҷой доштани хушунат ва зӯроварӣ суханронӣ намуда, қайд доштанд, ки ин пеш аз ҳама тарбияи нодуруст дар оила, паст будани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, вобастагии иқтисодии занон ва пиронсолон аз мардони оила, осебпазирии кӯдакон нисбати таҳдидҳои ноустувории иқтисодиву иҷтимоӣ мебошад. Лоиҳа бо ташаббуси Дафтари Барномаҳои Созмони Амнияти Ҳамкорӣ дар Аврупо фаъолияти худро давом дода истодааст.


Баргаштан
30-07-2024, 12:28