КОНФЕРЕНСИЯ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


Дар оғоз раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло  кулли сокинони ноҳияро ба ин санаи фархунда табрику муборакбод намуда, қайд дошт, ки таърих ба Тоҷикистони соҳибистиқлол дар лаҳзаҳои ҳассосу сарнавиштсоз Эмомалӣ Раҳмонро ҳадя кард ва ин чеҳраи нуронии сиёсат барои миллати тоҷик ва мардуми тоҷикистонӣ бозёфти нодири таърихӣ маҳсуб гашт. Баргардонидани гурезаҳои иҷбории Тоҷикистон ба Ватан, таъмини сулҳу салоҳ ва оромӣ дар кишвар, тарҳрезии падидаҳои сиёсию ташаккули низоми ҳуқуқӣ, ташкили қушўну мақомоти муосири ҳифзи ҳуқуқ, устувории сарҳаду амнияти давлат, бунёди роҳҳои пайвандгари минтақаҳои кишвар, дастгирии илму фарҳанги миллӣ, таъмини истиқлолияти озуқаворию баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, сохтмони неругоҳҳои азими барқӣ ва қабули қонунҳои миллии марбут ба манофеи давлатӣ аз корнамоиҳои шоистаи таърихию сиёсист, ки дар саргаҳи  тарҳрезӣ ва таъмину иҷрои он Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истодааст.

Гуфта шуд, ки Эмомалӣ Раҳмон шахсиятест, ки на танҳо дар ташаккулу таҳаввули таърихи давлатдории соҳибистиқлоли тољик ва ҳастии имрӯзу фардои Тоҷикистон, балки барои эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳангии ниёгонамон хизматҳои барҷаста намудааст. Ҳар нафаре, ки аз сарнавишти печидаи халқи тоҷик бархурдор аст, заҳматҳои шабонарӯзӣ ва созандаи ӯро дида, хуб эҳсос менамояд, ки бидуни муболиға, ҳанўз мо на ҳамаи воқеият ва дурнамои амалҳои шоистаи ин симои таърихиро дарк намудаем. Ӯ шахсиятест, ки дар лаҳзаҳои хеле душвору зарурӣ барои халқе, ки дар лаҳзаҳои нестшавӣ қарор дошт, роҳбар интихоб гардид ва амалҳоеро анҷом дод, ки дар ҳамон шароити таърихӣ барои тақдири ояндаи халқу миллат манфиатдор буд. Ин равиши пайвандгар усули бунёди бинои давлатдории халқи тоҷикро қавӣ бо ҳам пайваст намуда, давлати соҳибистиқлоли тоҷикро аз туҳфонҳои вазнини ҷаҳонишавӣ  мақсаднок ҳифз намуда истодааст.

     Сипас, як қатор роҳбарон, кормандони ташкилоту муассисаҳо ва Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот барои фаъолияти пурсамару натиҷабахш аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо Ифтихорнома, Сипоснома ва мукофотпулӣ  қадрдонӣ гардиданд.


Баргаштан
Вчера, 06:30