БАРОИ ҲИМОЯИ ИН МАРЗУ БУМ ҲАМЕША ТАЙЁР ҲАСТЕМ!


   БАРОИ ҲИМОЯИ ИН МАРЗУ БУМ ҲАМЕША ТАЙЁР ҲАСТЕМ! Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем, Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем! Имрӯз, ки ҳамсояи мо аҳдшиканона ба марзи Ватан ҳуҷум овардааст, бояд ҳар хурду бузург, пиру барно дар ҳимояи кишвар омода бошад. Мо, тоҷикон ҳамеша ҷонибдори сулҳем, вале дар сурати зарурат ҷони худро барои ҳимояи марзу буми хеш сипар хоҳем кард. Занони тоҷик дар диловарӣ аз мардон кам нестанд ва дар ҳимояи фарзандону шавҳарон ҳамеша тайёр ҳастанд. Устод Озар Салим хеле ба маврид гуфта: Монанди дирафш кист шайдои ватан?! Истода сари по ба тамошои ватан. Аз ғояти изтироби дил меларзад, Боде бивазад агар ба болои ватан. Мо ҳамеша барои ҳимояи Ватан тайёр ҳастем!!!

    Зебунисо Қосимова, директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 33-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

 


Баргаштан
19-09-2022, 12:55