МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ


Ҳифзи Ватан, ҳимояи арзишҳои олии ватандорӣ аз ҳар фарди дилогоҳу хештаншинос рисолати бузурги фарзандиву садоқатмандиро                                                                                   тақозо менамояд.

        Дар ин замина рўзи 15 ноябри соли 2024 дар Варзишгоҳи марказии «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки намояндагони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон - полковник Гуреззода Фаррух, Куганзода Ҳаким, раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло  ва масъулини тамоми сохторҳои ноҳия санҷишу омўзиши қувва, воситаҳои қисми мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ баргузор гардид.       

        Дар ин рўз шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордошта бо дарки масъулияти баланди ватандорӣ ширкат варзида, омодагии худро барои ҳифзи хоки муқаддаси Ватан бо ин амал бори дигар исбот намуданд.

         Зимни суханронияш раиси ноҳия Холиқзода Рустам Ҳикматулло  атрофи ҳолати омодабошӣ ва дигар паҳлўҳои ташкили чунин як намоиш андешаҳояшро иброз намуда, зери мафҳуми мудофиа системаи тадбирҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳарбӣ, ҳуқуқӣ, экологӣ ва ғайраро шарҳи комил дод, ки ба таъмини мустақилият, якпорчагӣ ва дахлнопазирии ҳудуди ҷумҳурӣ, ҳимояи манфиатҳои давлат ва ҳаёти осоиштаи аҳолӣ равона карда шудааст.

         Қайд гардид, ки мудофиа яке аз вазифаҳои муҳимтарини давлат буда, кори тамоми халқ ба ҳисоб меравад. Мудофиа бо омодагии доимии Қувваҳои Мусаллаҳ, иқтисодиёт, ҳудуд ва аҷолии Ҷумҳурӣ барои пешгирии таҳдиди ҳар гуна амалу хатарҳо пешбинӣ гардидааст.

         Чуноне мушоҳида карда шуд, барои дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронидани ин чорабинӣ тамоми шароиту имконият фароҳам оварда шуда, гурўҳи табибон, нақлиёти ёрии таъҳилӣ, хадамоти оташнишонӣ ва дигар техникаву воситаҳо дар ҳолати хуби омодабош қарор доштанд.     Даҳҳо нафар кормандони ташкилоту муассисаҳо ва сокинон техникаву нақлиёти гуногуни хизматрасониро ба намоиш гузошта, собит намуданд, ки ҳамчун вориси аслию шуҷои меҳандўсти ноҳия ҳамеша омодаанд, ки амнияту суботи кишварро бо дарки баланди масъулият аз ватану ватандорӣ ҳимоя созанд.

          Дар идома ҳайати намояндагии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти ноҳия  аз намоиши техникаҳо боздид намуда, дар як маврид бо иштирокчиёни машқи омодабошии қувва ва захираҳои сафарбарӣ суҳбат оростанд. 

         Масъулин оид ба аҳамият ва муҳиммияти ташкил ва гузаронидани санҳиши ҳолати омодабошии қувва ва захираҳои сафарбарӣ андешаронӣ намуда, қайд доштанд, ки баргузории чорабинӣ, новобаста аз вазъи сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоиёт дар ҳолати омодабош будани шаҳрвандон ҳангоми мудофиаи ҳудудӣ арзёбӣ гашта, иштироки фаъолонаи сокинони касбу кори гуногун дар ин чорабинӣ, исботи он аст, ки мардони шуҷои Ватан бо руҳияи шикастнопазир зери сиёсати муваффақонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ҳифзи арзишҳои миллӣ, марзи кишвар, муқаддасоти миллӣ, таъмини амнияту суботи ҷомеаи соҳибистиқлоли Тоҷикистон содиқонаву садоқатмандона омодаанд.

        


Баргаштан
Вчера, 10:30