Ковишҳои бостоншиносӣ дар Қалъаи «Ҳалевард» |
Ковишҳои бостоншиносӣ дар Қалъаи «Ҳалевард»
Кофир Қалъа - «Ҳалевард» дар асрҳои 1-3 сохта шуда то асри 8 мавқеият доштааст. Таърихшиносон бар он назаранд, ки дар асрҳои миёна ин Қалъа маркази маъмурии минтақаи Вахш ба шумор мерафт ва дар сарчашмаҳои таърихӣ бо номҳои Ҳалевард, Ҳеловард, Ҳалавард ва Ҳаловард ёд гардидааст. Яъне, Ҳале – бузург ва вард-шаҳр маънои Бузургшаҳрро дорад. Бостоншиносон ин қалъаро ба чор қисмати алоҳида: ҳалъа, шаҳр, бустонсаро ва қабристон ҷудо кардаанд. Дар ин мавзеъ таърихшиносон осорҳои зиёдеро кашф намудаанд. Яке аз ин бозёфтҳо пораи лавҳаи гилиро дар бар мегирад, ки ба даврањои Юнону Бохтар тааллуқ дорад. Қалъа дар наздикиҳои маркази ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷойгир буда қариб ҳар сол аз ҷониби муҳаққиқону бостоншиносони дохилию хориҷи кишвар мавриди омўзиш ва ковишҳои археологӣ қарор мегирад. Санаи 25 октябри соли равон як гурўҳи бостоншиносон аз шаҳри Ленинград ба Қалъаи «Ҳалевард» барои омўзиш ва ковишҳои архелогӣ сафарбар гардида, корҳои бостоншиносиро аллакай оғоз намуданд. То имрўз ин гурўҳ тавонистанд, ки аз қалъаи мазкур бозёфтҳои мухталифро, аз қабили сохти меъмории хонаҳо, роҳи асосӣ дар маркази қалъа, тангаҳо аз асрҳои қадим ва пораҳои сафолро дарёфт ва мавриди омўзиш қарор диҳанд. Гурўҳи бостоншиносонро Кеша - аспиранти Донишгоҳи Ню-йорк донишкадаи таърихи қадимӣ роҳбарӣ мекунад. Ин гурўҳ бо раҳнамоии бостоншиносони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Институти таърихи Тоҷикистон Нуриддин Сайфуллоев ва Шарофиддин Қурбонов корҳои ҳафриётиро низ оғоз намудаанд. Ҳамзамон шомили ин гурўҳ бостоншиносон аз шаҳри Москва, Санкт - Петербург, инчунин бостоншиносон аз шаҳрҳои Хуҷанд ва Панҷакент барои омўзиш ва тадқиқот ҷалб гардидаанд. Аз рўйи нақша ва нишондод корҳои археологӣ то охири моҳи ноябр идома меёбад. Умедворем, ки ин гурўҳи бостоншиносон ба дастовард ва бозёфтҳои назарраси илмӣ - тадқиқотӣ ноил мегарданд.
Баргаштан |
Вчера, 11:33 |