БАРОИ ҲИМОЯИ ВАТАН МУБОРИЗА МЕБАРЕМ!


                                                       БАРОИ ҲИМОЯИ ВАТАН МУБОРИЗА МЕБАРЕМ!

    Тамоми халқиятҳои дунё барои ҳифзи хоки Ватан мубориза мебаранд ва миллати тоҷик низ барои ҳимояи Ватани хеш мубориза бурда истодаст. Дар чунин вазъияте, ки дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон рух дода истодааст, мо сокинони ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро зарур аст, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, чун дигар манотиқи кишвар дар якҷоя бошем. Мо бояд дастаҷамъона зери сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, ҳимояи марзу буми аҷдодӣ устуворона қадам занем. Таърих гувоҳ аст, ки тоҷикон аз қадим дар муносибат бо ҳамсоягон дӯстиву рафоқат ва ҳамзистиро авлотар медонистанд ва медонанд. Аммо вақте гап сари якпорчагии Тоҷикистон ва ғасби марзҳои Ватан меравад, инҷо кор тамоман ранги дигар мегирад, чунин амал ҳар як тоҷику тоҷикистониро бе тараф гузошта наметавонад. Ин хоки Ватани мо аст, дуруст дарк мекунем, ки давлатдорӣ кардан чӣ асту ин хок барои мо чӣ аҳамият дорад. Ҳар як ваҷаб марзу буми Ватан бароямон муқаддас ва бузургтарин арзиш аст ва барои ҳимояи он ҷонро дареғ намедорем. Мо сокинони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барои оромии ватанамон мубориза мебарем, чунки Ворух хоки муқаддаси Тоҷикистон ҳаст, мемонад ва касе инро инкор карда наметавонад. Мо ҳамеша барои ҳимояи Ватан мубориза мебарем!    Майнисо Ализода, мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ


Баргаштан
21-09-2022, 07:09