МО ТАРАФДОРИ СУЛҲЕМ!


               МО ТАРАФДОРИ СУЛҲЕМ! Ҳеҷ гоҳ  набояд  фаромӯш созем,  ки  Ворух  як  порчаи  ҷудонашавандаи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  мебошад. Боиси таассуф аст, ки  бо ҷой доштани  нофаҳмии  солҳои   пешин  деҳоти  дурдасти  Тоҷикистон  ба  макони  нофаҳмиву  ҷидол  ва  бадбинӣ  мубаддал  гардидааст.  Акнун  бошандагони Ҷумҳурии  Қирғизистон  бар  сари  мардуми  осоиштаи  тоҷик  зӯру  тавони худро нишон  додан мехоҳад. Шояд  онҳо  дарк  накардаанд, ки миллати тоҷик замини аҷдодии худро зери  ҳимоя гирифтааст. Ин  ҳама нофаҳмиро бояд саривақт  зери  назорат гирифт, зеро сокинони осоишта ба хотири химояи марзу буми хеш захмдидаву  ҷароҳат  бардошта  истодаанд.  Бо  як  сухан  ва  ё  навиштан  баҳси  чандинсола  дар як муддат ҳаллу  фасл  нахоҳад  шуд,  зеро  дар  ин  ҷода  танҳо  солимфикрӣ  кӯмак карда метавонад. Маҳз шаҳрвандони Қирғизистон то ҳол дарк накардаанд, ки деҳаи дурдасти Ворух ин замини аҷдодии тоҷикону тоҷикистониён  аст!  Аз  оғоз  Тоҷикистон  ҷонибдори  сулҳу  оромиш  ва  таҳкими  дӯстӣ  дар  минтақа ҳаст  ва  аҳдномаҳо  аз  тарафи  кишвари  мо  вайрон  нашудааст.  Баръакс,  аз  таҳаммулпазирии ҷониби Тоҷикистон  истифода  намуда,  ҳатто  бо  дахолати  мақомоти  қудратии  кишвари  ҳамсоя  ҳуҷумҳои мусаллаҳона ба аҳолии осоишта дар чандин минтақаи марзии мамлакати мо анҷом шуд, ки дар натиҷа чандин нафар шаҳрвандон кушта шудаву зарари ҷисмонии зиёд ба аҳолӣ расид. Кирдорҳои бад ва ҳадафи гуруҳи алоҳидаи ашхоси  манфиатҷӯи  қирғизро  худи сокинонаш нодида гирифта истодаанд. Оқибати ин ҳама моҷарову нофаҳмиҳо  натиҷае  нахоҳад  дод, зеро  Ворух сарзамини тоҷикон буду ҳаст ва инро ягон нафар наметавонад инкор кунад. Мо, бояд ба наврасону ҷавонон фаҳмонем, ки дар оянда Ватанамонро ба ҷуз онҳо, яъне фарзандони замони Истиқлол каси дигар муҳофизату обод намекунад. Бигузор дар осмони кишвар тинҷиву амонӣ, дӯстиву рафоқат ва офтоби Сулҳ нурпошӣ намояд.

Бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ


Баргаштан
21-09-2022, 07:31