БОХАБАР БОШЕД!


"Ба  маълумоти  мардуми  Тоҷикистон  ва  махсусан,  сокинони  шаҳри  Исфара  ва  деҳоти  Ворух мерасонам, ки Ҳукумати Тоҷикистон  ҳанӯз аз соли 2002  гуфтушунидҳоро  бо ҷониби Қирғизистон оғоз  карда, то имрӯз беш аз 100 мулоқот дар  байни  ҳайатҳои  комиссияи  байниҳукуматӣ  оид  ба делимитатсия ва демаркатсияи  сарҳади давлатӣ сурат гирифтааст. Илова бар ин, моҳи октябри соли 2019 дар музокироти сатҳи олӣ  мо  бо Президенти онвақтаи Ҷумҳурии Қирғизистон ба мувофиқа расида будем, ки  фаъолияти  комиссияи  байниҳукуматӣ  оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ дар сатҳи муовинони сарвазирҳо тақвият бахшида шавад. Дар натиҷаи 19 соли фаъолияти комиссия 519,9 километри  сарҳад  муайян  ва  мувофиқа  карда  шуда, лоиҳаи аҳднома дар бораи сарҳади давлатӣ барои имзо  омода  шуда  буд. Тибқи  мувофиқа  бо ҷониби Қирғизистон аҳдномаи мазкур бояд моҳи майи соли 2016 аз тарафи сарони кишварҳо ба имзо мерасид. Бо пешниҳоди ҷониби Қирғизистон мо ин санадро дар Ҳукумати  Тоҷикистон баррасӣ намудем ва расмиёти дохилидавлатии онро ба анҷом расонидем. Аммо бо сабабҳои аз ҷониби Тоҷикистон вобастанабуда имзои  ин аҳднома доир ба қитъаи мувофиқашудаи сарҳад то ҳанӯз  сурат  нагирифтааст.  Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон ба ҳарчи зудтар анҷом додани расмиёти муайян кардани  хатти  сарҳади  давлатӣ  байни Тоҷикистон ва Қирғизистон манфиатдор мебошад ва дар сурати ба имзо расидани  санади  зикршуда аз нисф зиёди хатти сарҳади давлатӣ делимитатсия мегардад. Як нуктаи  муҳимми  дигарро  низ  таъкид месозам, ки дар тамоми муддати гуфтушунидҳо, яъне тайи 19 сол  масъалаи  иваз кардани Ворух бо ягон ҳудуди дигар вуҷуд надошт ва вуҷуд дошта ҳам наметавонад".

 Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон


Баргаштан
22-09-2022, 07:33