ОМОДАСОЗӢ ВА БЕТОНРЕЗӢ ДАР ПОЙГОҲИ КАНАЛИ МАГИСТРАЛӢ БО СУРЪАТ ҶАРАЁН ДОРАД


                  ОМОДАСОЗӢ ВА БЕТОНРЕЗӢ ДАР ПОЙГОҲИ КАНАЛИ МАГИСТРАЛӢ БО СУРЪАТ ҶАРАЁН ДОРАД

   Имрӯз, 16 марти соли 2025, корҳои созандагӣ ва омодасозӣ барои рехтани бетон дар Канали магистралии байни ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва ноҳияи Вахш дар Ҷамоати шаҳраки Гулистон босуръат ҷараён доранд. Дар доираи ин лоиҳа, коргарон ва мутахассисони  соҳаи сохтмон бо истифода аз техникаи муосир машғули омода намудани пойгоҳи бетонрезӣ, таҳкими бунён ва ҳамворсозии замин мебошанд.

   Айни ҳол  корҳои  асосӣ, аз  ҷумла тоза  кардани қитъаҳои  муайяншудаи канал,  насби қолабҳо ва таҳкими деворҳои он бо истифода аз арматура ва дигар масолеҳи сохтмонӣ, идома доранд. Барои иҷрои ин корҳо техникаи вазнин, аз қабили экскаваторҳо, бетонрезҳо ва дигар таҷҳизоти сохтмонӣ ҷалб гардида, корҳо тибқи нақшаи тасдиқшуда пеш мераванд.

   Ҳадафи асосии ин лоиҳа беҳтар намудани шабакаи обрасонӣ ба заминҳои кишоварзӣ ва таъмини истифодаи самараноки захираҳои обӣ дар минтақа мебошад. Дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ муҳандисон  ва  мутахассисони  соҳа  назорати сифатро таъмин  намуда, мутобиқати корҳои иҷрошударо бо меъёрҳои сохтмонӣ ва муҳандисӣ месанҷанд.


Баргаштан
17-03-2025, 08:54