ИҚДОМИ ХАЙРХОҲОНА: МАРКАЗИ РАДИОШУНАВОНӢ БА ЭҲТИЁҶМАНДОН ДАСТИ ЁРӢ ДАРОЗ КАРД


                ИҚДОМИ ХАЙРХОҲОНА: МАРКАЗИ РАДИОШУНАВОНӢ БА ЭҲТИЁҶМАНДОН ДАСТИ ЁРӢ ДАРОЗ КАРД

   Дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, ки ҳамчун рамзи эҳё, ҳамбастагӣ ва навсозӣ таҷлил мегардад, аз ҷониби корхонаи Маркази радиошунавонӣ, воқеъ дар Ҷамоати шаҳраки Гулистони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ба 30 оилаи ниёзманд ва имконияти маҳдуддошта кумаки ғизоӣ расонида шуд.

   Ташаббуси мазкур бо ҳадафи дастгирии оилаҳои имконияти маҳдуддошта ва фароҳам овардани шароити беҳтар дар рӯзҳои иди Наврӯз амалӣ гардид. Кумаки расонидашуда маҷмӯи маҳсулоти ниёзи аввалро дар бар мегирад, ки барои беҳбуди рӯзгори эҳтиёҷмандон мусоидат хоҳад кард. Масъулони Маркази радиошунавонӣ изҳор доштанд, ки чунин иқдомҳо дар оянда низ идома хоҳанд ёфт, зеро дастгирии қишрҳои осебпазир яке аз арзишҳои асосии ҷомеаи меҳрубон ва ҳамраъй мебошад.

    Оилаҳои эҳтиёҷманд бо изҳори миннатдорӣ таъкид намуданд, ки ин кумакҳо дар арафаи ҷашни Наврӯз барои онҳо рамзи ғамхорӣ ва ҳамдилӣ буда, рӯҳияи идонаи онҳоро боз ҳам боло мебарад. 


Баргаштан
22-03-2025, 11:09