ТОЗАГИИ МУҲИТ - ПАЙҒОМИ НАВРӮЗӢ ДАР ШАҲРАКИ БАЛХ


                                         ТОЗАГИИ МУҲИТ - ПАЙҒОМИ НАВРӮЗӢ ДАР ШАҲРАКИ БАЛХ

   22 март, дар кӯчаи марказии Ҷамоати шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, инчунин назди корхонаҳо ва ташкилотҳои ин минтақа, бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ шанбегии дастаҷамъона ва корҳои ободонӣ баргузор гардид.

   Дар доираи ин иқдом, сокинон, кормандони идораҳо ва дигар ташаббускорон фаъолона иштирок намуда, бо тозакунии кӯчаҳо, шинондани гулҳо ва ниҳолҳо, рангу бор намудани ҷӯйборҳо ва дигар корҳои ободонӣ машғул шуданд.

   Ин ташаббус на танҳо ба зебоии муҳити зист мусоидат кард, балки рӯҳияи ҳамбастагӣ ва ҳамдигарфаҳмии мардумро низ тақвият бахшид. Бо назардошти он, ки Наврӯз ҷашни навсозӣ ва эҳёи табиат аст, чунин иқдомҳо дар тамоми гӯшаву канори кишвар баргузор мегарданд, то ки муҳити атроф ободу зебо гардида, руҳияи идона дар ҷомеа бештар эҳсос шавад.

 Шанбегии имрӯза низ дар ҳамин замина як қадами муҳим дар роҳи тозагӣ ва ободии ҷамоати шаҳраки Балх ба ҳисоб меравад.


Баргаштан
22-03-2025, 11:24