280 ХОНАНДА СОҲИБИ МАКТАБИ НАВ ШУД: БУНЁДИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ НАВОӢ


           280 ХОНАНДА СОҲИБИ МАКТАБИ НАВ ШУД: БУНЁДИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ НАВОӢ

   Таърихи 23 марти соли 2025, дар рӯзи таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз, дар Ҷамоати деҳоти Навоӣ-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ муассисаи таҳсилоти умумии асосии №72 мавриди истифода қарор гирифт. Дар маросими ифтитоҳ намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Раёсати маорифи вилояти Хатлон, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, намояндагони мақомоти ҳифҳи ҳуқуқ, масъулини соҳа дар ноҳия, омӯзгорон, хонандагон ва сокинони маҳаллӣ иштирок намуданд. Муассиса бо мақсади беҳтар кардани шароити таълим барои хонандагони маҳаллӣ сохта шуда, дорои шаш синфхона мебошад. Он барои 280 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Қайд гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сиёсати худ барои рушди соҳаи маориф пайваста кӯшиш намуда, бо бунёди муассисаҳои нави таълимӣ барои беҳтар кардани сифати таълим ва фарогирии бештар шароити мусоид фароҳам меорад. 


Баргаштан
27-03-2025, 15:36