“ОЛАМТОБ” РӮИ ЧОП ОМАД |
“ОЛАМТОБ” РӮИ ЧОП ОМАД Дар арафаи ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби чоруми яке аз шоирони хушзавқи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Сулаймони Ҷамили Мушкин бо унвони "Оламтоб" дар Матбааи ҶДММ «Ношир-С»-и шаҳри Бохтар баҳри дӯстдорони каломи бадеъ интишор гардид. Сулаймони Ҷамили Мушкин, дар деҳаи Оламтоб (собиқ Олимтой)-и хоҷагии ба номи Юсуф Давлатови ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба дунё омадааст. Ӯ аз овони ҷавониаш ба роҳи дунёи назм устуворона қадам гузошта, ҳамчун як эҷодкори асил дар риштаи назм мавқеи хосеро ишғол намудааст. Дар пешгуфтори китоб чунин қайд гардидааст: «Бояд иброз намуд, ки Мушкин покизагуфтор аст. Ин покизагуфторӣ ӯро аллакай ҳамчун шоири хушсалиқаву умедбахш ба хонандагони назмдӯст хуб ошно кардааст…». Намунае аз маҷмӯаи шеърҳои Мушкинро бо номи «Ватан» пешкаши хонандагон мегардонем: Бахти бедорам ту ҳастӣ, эй Ватан, Ифтихорам аз ту хезад дар сухан. Дар раҳат ҷонро бибозам бедареғ, Эй Ватан, умри ману армони ман. Эй бақои хонаи ободи ман, Сурати дунёи ман, аҷдоди ман. Бе ту ман ҳеҷам, ба номат зиндаам, Эй Ватан, ҳастии ман, бунёди ман. Бо ту бахтам дар амон бошад мудом, Бо ту илҳомам равон бошад мудом. Бо ту паймоям раҳи ояндаам, Бо ту даврам бехазон бошад мудом. Бояд тазаккур дод, ки "Оламтоб" маҷмӯаи чоруми муаллиф аст, ки бо як муҳаббати хос ва самимӣ рӯйи кор омадааст. Китоби "Оламтоб"-ро авваллан ба муаллиф ва баъдан барои кулли дӯстдорони шеър муборакбод мегўем! Навиди Балх 23 сентября, 9:42
Баргаштан |
26-09-2022, 07:30 |