НАВРӮЗ БО РӮЙДОДИ ФАРАҲБАХШ: ИФТИТОҲИ ТОЛОРИ МАҶЛИСГОҲ ВА БОЗДИД АЗ ҚАСРИ ФАРҲАНГ


               НАВРӮЗ БО РӮЙДОДИ ФАРАҲБАХШ: ИФТИТОҲИ ТОЛОРИ МАҶЛИСГОҲ ВА БОЗДИД АЗ ҚАСРИ ФАРҲАНГ

   23 марти соли 2025, дар арафаи таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, бо иштироки намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, шуъбаи маориф ва дигар масъулин, толори маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51-и Ҷамоати шаҳраки Гулистон мавриди истифода қарор гирифт. Толори маҷлисгоҳ, ки бо усули муосир таъмиру таҷдид гардидааст, барои баргузории ҳамоишҳои фарҳангиву илмӣ ва чорабиниҳои мухталифи мактабӣ имкониятҳои фарох фароҳам меорад. Ҳадафи ин азнавсозӣ беҳтар намудани шароити таҳсил, рушди маърифати хонандагон ва баланд бардоштани сатҳи фарҳанги муассисаи таълимӣ мебошад.


Баргаштан
27-03-2025, 15:41