ИФТИТОҲИ БУНГОҲИ НАВИ САЛОМАТӢ - БА ИСТИҚБОЛИ НАВРӮЗ


                     ИФТИТОҲИ БУНГОҲИ НАВИ САЛОМАТӢ - БА ИСТИҚБОЛИ НАВРӮЗ

         23 марти соли 2025, ба истиқболи ҷашни байналмилалии Наврӯзи аҷам дар деҳаи Зарводии Ҷамоати деҳоти Навоӣ бунгоҳи нави саломатӣ мавриди истифода қарор гирифт. Дар маросими ифтитоҳ намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони соҳаи тандурустӣ, сокинони маҳаллӣ ва меҳмонон иштирок карданд.

Дар суханронии худ масъулон зикр намуданд, ки сохтмони ин бунгоҳ дар доираи сиёсати иҷтимоии давлат ҷиҳати таъмин намудани аҳолӣ бо хизматрасонии тиббӣ амалӣ гардидааст. Бунгоҳи нав бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин буда, шароити муносиб барои қабули беморон фароҳам оварда шудааст. Барои хизматрасонии аҳолӣ се нафар корманди миёнаи тиббӣ ба кори доимӣ ҷалб гардида, онҳо ба 2346 нафар сокинони деҳа хизмат мерасонанд.

 Сокинони деҳа ифтитоҳи ин бунгоҳи саломатиро ҳамчун таҳкими ҳифзи сиҳатии ҷомеа ва дастгирии сиёсати иҷтимоии давлат қабул намуда, изҳори сипос карданд. То инҷониб сокинон барои гирифтани хизматрасонии тиббӣ ба марказҳои саломатии ҷамоат ё ноҳия муроҷиат мекарданд. Ифтитоҳи чунин иншоотҳои иҷтимоӣ, бахусус дар минтақаҳои дурдаст, нишон медиҳад, ки давлат ва ҳукумати кишвар барои беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум талоши пайваста дорад.


Баргаштан
8-04-2025, 14:55