БУНГОҲИ САЛОМАТӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД!


                                           БУНГОҲИ САЛОМАТӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

 Дар рӯзи ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Икромӣ Сироҷиддин Салом ва раиси ноҳия Убайдуллои Файзулло дар деҳаи Бӯстони Ҷамоати шаҳркаи Гулистон ба муносибати 31-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунгоҳи саломатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Бунгоҳи саломатии деҳаи Бӯстон аз панҷ утоқи корӣ ибора буда, дар он 5 нафар духтурон ба ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд. Инчунин аз ҳисоби Холов Азиз- роҳбари шабакаи муассисаҳои Кӯмаки аввалияи тибию санитарии ноҳия гирду атрофии бунгоҳи мазкур панҷара гирифта шуда, ҳоҷатхонаи замонавӣ сохта шудааст. Таҳти роҳбарии Абдураҳмон Самадов- сармутахассиси танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати шаҳраки Гулистон дар деҳаи Бӯстон раисони маҳалла, аз ҷумла Турахон Савлатов, Сафар Қароқулов, Қуват Файзов, Абдусалом Шамсиев, Назаралӣ Алиев, Қурбон Тағайназаров ва Худойназар Ҳайдаров барои сохтмони бунгоҳи саломатӣ саҳми худашонро гузоштанд. А. ШЕРМАТОВ

 

 


Баргаштан
26-09-2022, 07:37