"НАВРӮЗ - РАМЗИ ҲАМБАСТАГӢ ВА ЭҲЁИ СУННАТҲОИ МИЛЛӢ"


                  "НАВРӮЗ - РАМЗИ ҲАМБАСТАГӢ ВА ЭҲЁИ СУННАТҲОИ МИЛЛӢ"

   Таҳти ҳамин унвон, 28 марти соли 2025, дар Ҷамоати деҳоти Маданияти ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки муовини раиси ноҳия Қурбонзода Қурбоналӣ, дигар масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, намояндагони ҷамоати зикршуда, сокинони маҳалла ва дигар шахсони масъул ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил гардид. Иди баҳор ва наврӯз бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва анъанаҳои миллӣ оғоз ёфт. Масъулин сараввал аз намоишгоҳи ҳунармандон ва хӯрокҳои миллӣ дидан намуданд. Дар ин намоишгоҳ ҳунармандон маҳсули дастони худро ба маърази тамошо гузошта, хӯрокҳои анъанавӣ, монанди суманак, ош, ширбиринҷ ва шириниҳои миллӣ пешкаш карданд. Сипас, муовини раиси ноҳия Қурбонзода Қурбоналӣ паёми табрикотии раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Холиқзода Рустам Ҳикматуллоро ба сокинони ҷамоат расонида, аҳаммияти Наврӯзро ҳамчун ҷашни ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳёи суннатҳои миллӣ таъкид кард. Дар идомаи чорабинӣ сокинон Наврӯзро бо шодию хурсандӣ ва бо ҳисси баланди ватандӯстию хештаншиносӣ ҷашн гирифтанд. Сокинони маҳаллӣ, махсусан ҷавонон, бо рӯҳияи баланди идона таҳти навоҳои дилошуб рақсу бозӣ карданд. Дар идома ба як қатор сокинони фаъоли ҷамоат Раҳматнома супорида шуд. Ҷашни Наврӯз дар Ҷамоати деҳоти Маданият дар фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ва бо орзуи соли пурфайзу пурбаракат ҷамъбаст гардид.


Баргаштан
10-04-2025, 14:47