ТАҶРИБАИ ОМӮЗИШӢ ДАР СОҲАИ МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ |
ТАҶРИБАИ ОМӮЗИШӢ ДАР СОҲАИ МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ Бо қарори Раиси вилояти Хатлон аз 9 декабри соли 2024, № 281 "Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои асосии вилояти Хатлон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода дар соли 2025", инчунин тибқи Барномаи омӯзиши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои соли 2025 нақшаи пурагардонии Маркази таълими-методии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон тасдиқ карда шуд. Дар ин замина, сардори ситоди мудофиаи граждании ташкилотҳои ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ рӯзи 2 марти соли 2025 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ машғулиятҳои сайёр доир ба соҳаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданиро баргузор намуд. Дар чорабинӣ, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи омодагии мақомоти иҷроия ва ташкилоту муассисаҳои маҳаллӣ дар ҳолатҳои фавқулода ва тақвияти ҳамкориҳои байниидоравӣ ташкил шуд, капитан Тулқинова Усиной — афсари калони Маркази таълимӣ-методии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон ва намояндагони ташкилоту муассисаҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия иштирок намуда, дар бораи тадбирҳои зарурӣ дар ҳолатҳои фавқулода, тартиби амал, навигариҳои самти мудофиаи гражданӣ ва пешгирӣ аз хатарҳои эҳтимолӣ суханронӣ намуданд. Баргаштан |
15-04-2025, 07:47 |