ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ҶОМЕА: БАРРАСИИ ХАВФҲОИ ИФРОТГАРОӢ


                ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ҶОМЕА: БАРРАСИИ ХАВФҲОИ ИФРОТГАРОӢ

   Имрӯз, 2 апрели соли 2025, дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и Ҷамоати шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрии судманд оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ баргузор гардид. Дар ин вохӯрӣ сардори Раёсати ҳуқуқ, кадрҳо ва корҳои махсуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сармутахассиси Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Дилрабо Расулова, муовини раиси ноҳия Шукурзода Шаҳло, намояндагони шуъбаи маорифи ноҳия, бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, имомхатиби масҷиди ҷомеи Ҷамоати деҳоти Навобод, намояндагони Ҷамоати шаҳраки Балх, сокинони маҳаллӣ ва хонандагон ширкат варзиданд. Мавзӯи асосии вохӯрӣ ба масъалаҳои муҳими рӯзмарра, аз ҷумла пешгирии ҷинояткорӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо рабт дошт. Ҳамчунин, таълиму тарбияи наврасону ҷавонон, пешгирии ҷалби онҳо ба таълимоти ғайриқонунии динӣ ва оқибатҳои манфии чунин амалҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Масъулин зикр намуданд, ки терроризм ва экстремизм аз ҷумлаи хатарҳои ҷиддии ҷаҳони муосир ба шумор мераванд ва Тоҷикистон низ дар баробари ҷомеаи ҷаҳонӣ барои пешгирии ин падидаҳо талош меварзад. Баромадкунандагон қайд карданд, ки густариши терроризм ва экстремизм боиси нооромии ҷомеа, халалдор шудани амнияти шаҳрвандон ва таъсири манфӣ ба рушди устувори давлатҳо мегардад. Дар ҷараёни вохӯрӣ иштирокчиён вобаста ба роҳҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва ватандӯстии онҳо, инчунин таъмини муҳити солими таълиму тарбия фикру мулоҳизаҳои худро баён карданд. Ҳамзамон, таъкид гардид, ки ҳамкории зичи ҷомеа бо мақомоти давлатӣ ва сохторҳои дахлдор дар самти пешгирии ифротгароӣ ва ҳифзи амнияти ҷомеа аҳамияти калидӣ дорад. 


Баргаштан
15-04-2025, 08:09