БО ИҚДОМИ АҲОЛӢ: МУМФАРШСОЗИИ РОҲ ДАР ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ БАЛХ


                БО ИҚДОМИ АҲОЛӢ: МУМФАРШСОЗИИ РОҲ ДАР ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ БАЛХ

   Бо ташаббуси сокинони маҳалла ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар кӯчаи Гагарини Ҷамоати шаҳраки Балх корҳои мумфаршсозии роҳ роҳандозӣ гардид. Дар доираи ин иқдом, зиёда аз 800 метр роҳи кӯча бо асфалт пӯшонида шуд, ки шароити зиндагии сокинонро ба маротиб беҳтар хоҳад кард. Маврид ба зикр аст, ки маблағгузорӣ ва иҷрои корҳои сохтмонӣ бо саҳмгузории бевоситаи сокинон, шахсони саховатпеша ва соҳибкорони маҳаллӣ амалӣ гардид. Дар ин кор сокинон на танҳо маблағгузорӣ, балки дар марҳилаҳои гуногуни омодагӣ ва иҷрои лоиҳа низ фаъолона ширкат варзиданд. Ҳадаф аз чунин ташаббусҳо беҳтар намудани инфрасохтори маҳаллӣ, таъмини шароити беҳтари зист ва мусоидат ба рушди устувори ҷамоатҳо мебошад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ин иқдоми сокинонро намунаи олии ҳисси масъулиятшиносӣ ва ватандӯстӣ арзёбӣ намуда, изҳори умедворӣ карданд, ки чунин ҳамкориҳо минбаъд низ идома хоҳанд ёфт. Татбиқи чунин лоиҳаҳои муштарак метавонад намунаи ибрат барои дигар маҳаллу ҷамоатҳои ноҳия бошад ва ба густариши фарҳанги созандагиву ободкорӣ дар ҷомеа мусоидат намояд.


Баргаштан
15-04-2025, 08:42