Мулоқоти навбатии роҳбарони ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Қирғизистон Дар гузаргоҳи сарҳадии "Қизилбел"-и сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон мулоқоти роҳбарони ҳайатҳои расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид.


   Мулоқоти навбатии роҳбарони ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Қирғизистон Дар гузаргоҳи сарҳадии "Қизилбел"-и сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон мулоқоти роҳбарони ҳайатҳои расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид. Мулоқот зери роҳбарии Раиси КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов ва Раиси КДАМ-и Ҷумҳурии Қирғизистон Қамчибек Ташиев ҷараён гирифта, дар он ҷонибҳо барои идомаи гуфтушунидҳо ва ҳали масъалаҳои мавҷуда бо роҳи дипломатӣ бори дигар таъкид карданд. Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев вобаста ба иҷрои нишондодҳои протоколи имзошуда ва таҳкими сулҳу субот дар хати сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон мубодилаи афкор намуданд. Таъкид карда шуд, ки бояд тамоми техникаҳои ҳарбӣ ба маҳалли доимии худ баргардонида шуда, ҷонибҳо бо ҳусни тафоҳум мушкилоти пешояндаро ҳал созанд. Ҳамчунин зарур шуморида шуд, ки мардуми наздисарҳадӣ бояд равуо дошта бошанд ва муносибатҳои дӯстона миёни ду халқ чун пештара ба роҳ монда шавад. Зеро тоҷикону қирғизҳо асрҳост, ки дар канори ҳам зиндагӣ доранд.

 

 


Баргаштан
26-09-2022, 14:53