ТАЛОШИ ДАСТАҶАМЪОНА БАРОИ ЗЕБОГИИ ШАҲРАК


                         ТАЛОШИ ДАСТАҶАМЪОНА БАРОИ ЗЕБОГИИ ШАҲРАК

   Имрӯз, 5-уми апрели соли 2025, бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар кӯчаи марказии Ҷамоати шаҳраки Балх ва назди ташкилоту   муассисаҳо шанбегии    дастаҷамъона баргузор гардид. Дар ин иқдоми  муҳими  ҷамъиятӣ  кормандони  ташкилоту идораҳо, муассисаҳои  таълимӣ, тандурустӣ ва дигар сокинони фаъоли маҳаллӣ иштирок намуда, дар тозаю озода нигоҳ доштани муҳити  зист саҳми назаррас гузоштанд. Зимни шанбегӣ кӯчаи марказӣ ва гирду   атрофи биноҳои  маъмурӣ аз партов  ва алафҳои бегона поккорӣ шуда, бехи дарахтон ва гулҳои ороишӣ нарм ва обёрӣ гардиданд.  Инчунин,  корҳои иловагӣ ба монанди ҷамъоварии баргҳои хушкида,   тоза намудани ҷӯйборҳо ва баровардани   партовҳо  ба ҷойҳои махсус анҷом дода шуд. Иқдоми мазкур бо мақсади баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ нисбат ба муҳити зист, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва зебо нигоҳ   доштани муҳити зист роҳандозӣ   гардида,  намунаи хуби ҳамкории ҷомеа дар амалисозии корҳои ободонию созандагӣ ба ҳисоб меравад. 


Баргаштан
15-04-2025, 08:55