ҲАШАРИ ЭКОЛОГИИ ХОНАНДАГОН |
ҲАШАРИ ЭКОЛОГИИ ХОНАНДАГОН Имрӯз, 7 апрели соли 2025, бо ташаббуси бахши Созмони хонандагон ва маҳфили “Биологони ҷавон” дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №1 ва №10-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳашари дастаҷамъона бо иштироки фаъолонаи хонандагон ва омӯзгорон ташкил гардид. Чорабинӣ бо мақсади тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист, тарбияи ҳисси масъулиятшиносӣ ва дӯст доштани табиат миёни насли наврас амалӣ карда шуд. Дар доираи ҳашар хонандагон саҳну атрофи муассисаҳои таълимӣ, роҳравҳо, майдончаҳои бозӣ ва ҷойҳои гаштугузори сокинонро аз хасу хошок, партовҳо ва алафҳои бегона тоза намуданд. Фарида Рустамова, мудири бахши Созмон ва роҳбари маҳфили “Биологони ҷавон” изҳор дошт, ки чунин чорабиниҳо дар рушди маърифати экологӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва ҳамчунин тақвияти ҳамкории дастаҷамъонаи ҷавонон нақши муҳим мебозанд. Ба гуфтаи масъулин, баргузории чунин иқдомҳои созанда дар оянда низ идома хоҳад ёфт ва бо иштироки бештари хонандагон ва ҷомеаи омӯзгорӣ доир мегарданд. Чунин ташаббусҳо, бешак заминаи муҳимеро барои ташаккули тафаккури экологии насли ҷавон ва нигоҳдошти муҳити зист фароҳам меоранд. Баргаштан |
16-04-2025, 13:11 |