БО ТАШАББУСИ ТАБИБОН - ИҚДОМИ ХАЙРХОҲОНА БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ТАНДУРУСТӢ |
БО ТАШАББУСИ ТАБИБОН - ИҚДОМИ ХАЙРХОҲОНА БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ТАНДУРУСТӢ Ба истиқболи Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ, ки ҳамасола 7-уми апрел таҷлил мегардад, имрӯз, 5-уми апрел, дар беморхонаи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ як қатор фаъолиятҳои хайрхоҳона доир гардид. Дар доираи ин иқдом табибони беморхонаи мазкур ба сокинони ноҳия хизматрасониҳои машваратӣ, ташхисӣ ва муоинаҳои тиббиро ба таври ройгон пешниҳод карданд. Тавре муовини сартабиби беморхона Давлатмурод Назаров зикр намуд, ин чорабинӣ бо ҳадафи баланд бардоштани сатҳи огоҳии тиббӣ ва пешгирии бемориҳо миёни аҳолӣ роҳандозӣ шудааст. Ба гуфтаи ӯ, дар он мутахассисони варзида аз бахшҳои гуногуни тиб иштирок намуда, ба шаҳрвандон маслиҳатҳои зарурии тиббӣ доданд. Ҳамзамон, бо дастгирии Маркази ВНМО/БПНМ маводи иттилоотӣ ва пешгирикунанда ба мардум дастрас карда шуд. Баргаштан |
16-04-2025, 13:34 |