МАСЪУЛИНИ ҶАМОАТ БО ДЕҲҚОНОН: ЗАМИН БОЯД САМАРАНОК ИСТИФОДА ШАВАД


         МАСЪУЛИНИ ҶАМОАТ БО ДЕҲҚОНОН: ЗАМИН БОЯД САМАРАНОК ИСТИФОДА ШАВАД

      Таърихи 4 апрели соли 2025 дар деҳаи Камолиёни Ҷамоати деҳоти Ҳалеварди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ суҳбати сайёр бо иштироки масъулини ҷамоат, вакилони маҳаллӣ ва намояндагони соҳаи кишоварзӣ баргузор гардид. Чорабинӣ бо ҳадафи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва кишоварзии аҳолӣ, инчунин ҷиҳати самаранок истифода бурдани заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ва президентӣ сурат гирифт. Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба истифодаи дурусти замин, пешгирии холӣ мондани қитъаҳои кишоварзӣ, зиёд намудани маҳсулот ва татбиқи технологияҳои замонавии кишоварзӣ баррасӣ шуданд. Ҳамзамон, аҳолии маҳаллӣ аз ҷониби масъулин роҷеъ ба ӯҳдадориҳои қонунии соҳибони замин ва роҳҳои расидан ба ҳосили баланд машваратҳо гирифтанд. Масъулини ҷамоат таъкид карданд, ки истифодаи самараноки замин яке аз омилҳои муҳими рушди иқтисоди маҳаллӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ ба ҳисоб меравад. Онҳо ҳамзамон аз аҳолӣ даъват карданд, ки нисбат ба замин муносибати масъулона дошта бошанд ва қонунгузории заминро риоя намоянд. Ин суҳбати сайёр дар доираи тадбирҳои пайвастаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати таҳкими худшиносии деҳқонон ва баланд бардоштани масъулияти онҳо дар самти истифодаи замин баргузор гардид.


Баргаштан
16-04-2025, 13:37