ГИМНАЗИЯИ ДАВЛАТИИ №1-И НОҲИЯ ДАР ОЗМУНИ "ЧАРОҒАКИ РОҲНАМО" ҒОЛИБ ОМАД


ГИМНАЗИЯИ ДАВЛАТИИ №1-И НОҲИЯ ДАР ОЗМУНИ "ЧАРОҒАКИ РОҲНАМО" ҒОЛИБ ОМАД

         8 апрели соли 2025, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ даври вилоятии озмуни "Чароғаки роҳнамо" бо иштироки дастаҳои хонандагони Гимназияи давлатии №1-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва муассисаҳои таълимии ноҳияи Вахш баргузор шуд. Озмун бо ташаббуси бахши маорифи ноҳия, дар ҳамкорӣ бо Шуъбаи БДА-и Вазорати корҳои дохилӣ дар вилоят роҳандозӣ гардида, ҳадафи он баланд бардоштани савияи дониши хонандагон нисбат ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, пешгирии фалокатҳои нақлиётӣ ва тарбияи эҳсоси масъулиятшиносии кӯдакону наврасон дар роҳ мебошад.

Дар рафти озмун дастаҳо аз рӯйи якчанд шартҳо, аз ҷумла намоиши театрикунонидашуда, викторина оид ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, саволу ҷавоб ва намоиши лавозимоти таблиғотӣ ҳунару донишҳои худро нишон доданд. Дар натиҷа, дастаи Гимназияи давлатии №1-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо маҳорати баланди худ, омодагии ҷиддӣ ва донишҳои хуби назариявию амалӣ дар ҳамаи шартҳо беҳтарин натиҷаро нишон дода, сазовори ҷойи аввал гардид.

Ҳайати ҳакамон баргузории озмунро дар сатҳи баланди ташкилӣ ва муҳтавои тарбиявӣ арзёбӣ намуда, таъкид доштанд, ки чунин чорабиниҳо дар тарғиби фарҳанги риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ миёни наврасон нақши муҳим доранд. Масъулин иброз намуданд, ки баргузории мунтазами чунин озмунҳо метавонад таваҷҷуҳи ҷомеа, волидайн ва муассисаҳои таълимиро ба масъалаи таъмини амнияти роҳҳо бо иштироки ноболиғон бештар ҷалб намояд.

 


Баргаштан
17-04-2025, 13:23