РӮЗИ КАЙҲОННАВАРДОН ДАР ФАЗОИ МАКТАБӢ |
РӮЗИ КАЙҲОННАВАРДОН ДАР ФАЗОИ МАКТАБӢ Таърихи 12 апрели соли 2025 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ чорабинии бошукӯҳ бахшида ба Рӯзи Кайҳоннавардон баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ омӯзгорон, хонандагон ва намояндагони маъмурияти муассиса фаъолона иштирок намуданд. Дар оғоз, директори муассиса - Рӯзиев Соҳибҷон суханронӣ намуда, ҳозиринро бо ин рӯзи муҳими таърихӣ табрик гуфт. Ӯ иброз дошт, ки 12 апрели соли 1961 бо парвози нахустин кайҳоннавард Юрий Алексеевич Гагарин ба кайҳон, инсоният ба марҳалаи нави илм ва технологияи замонавӣ қадам гузошт. Ин рӯйдод на танҳо барои Иттиҳоди Шӯравӣ, балки барои тамоми ҷаҳониён як дастоварди бузурги таърихӣ маҳсуб мешавад ва то имрӯз дар хотираи мардум боқӣ мондааст. Чорабинӣ бо суханрониҳо ва маърӯзаҳои хонандагону омӯзгорон идома ёфт. Ҳар як маърӯза ва баромад муҳтавои амиқи таърихӣ, илмӣ ва тарбиявӣ дошта, барои хонандагон ҳисси ифтихор ва шавқу завқ ба илми кайҳоншиносиро бедор намуд. Ба хотири ғанӣ гардондани чорабинӣ ва ҷалби бештари хонандагон ба мавзӯи кайҳоннавардӣ, озмуни "Беҳтарин расми деворӣ" ва викторина дар байни синфҳои болоӣ баргузор гардид. Хонандагон бо завқу ҳавас иштирок намуда, истеъдоди худро дар намоиши эҷодӣ ва донишҳои кайҳонӣ ба намоиш гузоштанд. Дар фарҷоми чорабинӣ ғолибон аз ҷониби маъмурияти муассиса бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Чунин қадрдонӣ ба хонандагон илҳом бахшид ва онҳоро ба омӯзиши бештар ҳавасманд намуд. Масъулини муассиса таъкид намуданд, ки баргузории чунин чорабиниҳои илмӣ, маърифатӣ ва фарҳангӣ дар самти боло бурдани дониш ва ҷаҳонбинии хонандагон мусоидат намуда, минбаъд низ пайваста идома хоҳад ёфт. Баргаштан |
17-04-2025, 13:46 |