ИФРОТГАРОӢ - ДУШМАНИ ОРОМӢ ВА РУШД


                                                   ИФРОТГАРОӢ - ДУШМАНИ ОРОМӢ ВА РУШД

        Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ бо таҳдиду хатарҳои нав, ки аз амалҳои террористӣ ва ифротгароӣ маншаъ мегиранд, рӯ ба рӯ гардидааст. Ин зуҳуроти хатарнок, ки мафкура ва амнияти инсонро мавриди таҳдид қарор медиҳад, ба як вабои асри XXI табдил ёфтааст.

Терроризм ва экстремизм дигар мушкили маҳдуди як минтақа нестанд, балки ба як падидаи фаромилливу фаросоҳа табдил ёфтаанд, ки ба ҳар як фарди сайёра таъсири манфӣ мерасонанд. Дар чанд даҳсолаи охир, кишварҳои Шарқи Наздик, Африқои Шимолӣ ва ҳатто як қисми давлатҳои пешрафтаи Аврупо аз оқибатҳои фоҷиабори амалҳои террористӣ ранҷ мебаранд.

 Гуруҳҳои ифротӣ бо истифода аз шиорҳои диниву мазҳабӣ ва бо ваъдаҳои дурӯғин кӯшиш мекунанд, ки ҷавонони камтаҷриба ва ноогоҳро ба сафи худ ҷалб намоянд. Аксари вақт, шахсоне ки аз лиҳози маънавӣ ва ахлоқӣ поинанд ё сатҳи донишашон дар бораи асли Ислом маҳдуд аст, ҳадафи асосии ин гурӯҳҳо қарор мегиранд.

Тамоюли нигаронкунандае, ки имрӯз ба мушоҳида мерасад, ин истифодаи васеи шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби гурӯҳҳои террористӣ мебошад. Бо паҳн кардани маводи таблиғотии худ, онҳо кӯшиш мекунанд мафкураи ҷавононро таҳти таъсир қарор диҳанд ва онҳоро ба амалҳои ифротӣ ҳидоят намоянд.

Хоса, муҳоҷирати кории ҷавонон ба кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Русия, сабаби асосии дур мондани онҳо аз назорати оилавӣ ва иҷтимоӣ гардидааст, ки ин омил шомилшавии онҳоро ба гурӯҳҳои хатарнок бештар мекунад. Мутаассифона, бархе аз ҷавонони тоҷик низ ба доми фиреби чунин ҳаракатҳо меафтанд ва ба ҷойи созандагӣ ба тахрибкорию зӯроварӣ рӯ меоранд.

Ин рафторҳо на танҳо амнияти дохилии кишварро зери хатар мегузоранд, балки симои миллатро дар арсаи байналмилалӣ доғдор менамоянд. Аз ин рӯ, бетарафӣ дар муқобили чунин таҳдидҳо хатарнок ва нобахшиданӣ аст. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон вазифадор аст, ки дар амри мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм саҳмгузор бошад.

Насли ҷавон, бояд бо дониш, фарҳанг, ахлоқи солим ва садоқат ба Ватан муқовимати идеологӣ нишон диҳанд. Бо пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷомеаи мо дар роҳи мубориза бо ҳама гуна зуҳуроти ифротгароиву террористӣ қотеъона амал менамояд.

Мо ҳамчун ворисони мактаби сулҳпарвару созандаи Пешвои миллат, бояд барои ҳифзи субот, оромӣ ва якпорчагии Тоҷикистони азиз талош намоем ва бо ҳама зуҳуроти ғайриинсонӣ мубориза барем. Хулоса, ифротгароӣ чун заҳри мафкура, оромиро аз ҷомеа рабуда, пешрафт ва ҳамдигарфаҳмиро маҳдуд месозад. Кабирзода ГУЛРУХСОР, муовини раиси Ҷамоати шаҳраки Гулистон


Баргаштан
Вчера, 13:53